Убайдуллоев аз намояндаҳои НАТО хост, нисбат ба Тоҷикистон воқеъбин бошанд
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон ҳайати вакилони Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ ё НАТО-ро, ки дар доираи як сафари дурӯза дар шаҳри Душанбе қарор доранд, ба ҳузур пазируфтааст.
Убайдуллоев дар ин суҳбат аз вакилони Ассамблеяи парлумонии НАТО хостааст, ҳангоми боздид аз Тоҷикистон “дар робита ба вазъи кунунӣ, пешрафти ҳаёти кишвар дар асоси гуногунандешии сиёсӣ, эҳтиромгузорӣ ба арзишҳои демократӣ ва татбиқи барномаҳои созандаи кишвар барои бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёду дунявӣ воқеъбинона муносибат намоянд”.
Дар ин вохурӣ масоили марбут ба вазъияти минтақа ва субот дар Афғонистон, мубориза алайҳи таҳдиду хатарҳои замони муосир: ифротгароӣ, терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои фаромиллӣ низ баҳс шуда, ҷонибҳо дар мавриди тавсеаи равобити байнипарлумонӣ ибрози назар кардаанд.
Раиси Маҷлиси миллии кишвар сафари вакилони Ассамблеяи парлумонии НАТО ба Тоҷикистонро дар доираи ҳамкориҳои Маҷлиси миллӣ бо ин созмон ва парлумони Аврупо фоли нек арзёбӣ карда, саҳми онҳоро дар татбиқи барномаҳои муштараки байнипарлумонӣ ва давлатӣ махсус хондааст.
Вакилони Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ ё НАТО дар доираи як сафари дурӯза рӯзи 22 июн вориди шаҳри Душанбе шуданд. Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, вакилони Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ дар ҷараёни ин сафар бо мақомоти баландпояи ҷумҳурӣ, раисони палатаҳои парлумон, роҳбарони вазорату идораҳо гуфтугӯ ва мулоқот намоянд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |