Бахшҳо
23 июн 2015 10:57Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Муҳаррики тан

Маркази матбуоти Беморхонаи Ибни Сино

Кардиология аз бахшҳои васеъи тибб ба шумор меравад, ки ба омӯзишу дармони системаи қалбу рагии инсон машғул мебошад. Ин соҳаи тибб сохт ва инкишофи қалб ва рагҳо, кори онҳо ва бемориҳояшонро меомӯзад. Дар шароити феълӣ ин соҳаи тибб ба яке аз сердархосттарин соҳаҳо табил ёфтааст, чун бештари ҳолатҳои фавти нобаҳангоми одамон, маҳз ба иллатьи бемориҳои қалбӣ аст. Имрӯз шумораи бемориҳои кардиологӣ дар таркиби нишондиҳандаҳои фавт, дар кишварҳои пешрафта 40 - 60% ро ташкил мекунанд. Дар баробари ин теъдоди беморони синну солашон ҷавон рӯз ба рӯз афзоиш меёбад ва ин худ бемориҳои қалбу рагиро ба яке аз муҳимтарин мушкилотҳои тиббӣ-иҷтимоии нигаҳодории тандурустӣ табдил додааст.

Яке аз бемориҳое, ки ин соҳаи тибб ба он сару кор дорад ва бисёр вақт дар маризон дида мешавад, кардиомиопатия мебошад. Ин бемории миокардї буда, ҳангоми сар заданаш сохт ва фаъолияти мушаки дил тағйир меёбад. Ба ибораи дигар кардиомиопатия - тағйири мушаки дил мебошад, ки дар бисёр маврид ҳатто сабабҳояш низ номаълум боқӣ мемонанд. Халал дар сохт ва фаъолияти мушаки дил ҳангоми ин беморӣ, метавонад аввалия ва дуввумия бошанд ва дар ҳар ду ҳолат метавонад ба норасоии қалбӣ ва марги ногаҳонӣ оварда расонад. Тамоми навъҳои ин беморӣ ба се гурӯҳ тақсимбандӣ мешаванд: кардиомиопатияи дилататсионӣ, гипертрофикӣ ва рестрактивӣ;

Кардиомопатияи дилататсионӣ бо кушод гардидани сарҳои меъдачаҳо (як қисмати дил, ки дар силсилаи рагҳои хунгард ҳаракати хунро ба тартиб медарорад) ва халалдор шудани фаъолияти систоликии онҳо тавсиф гардидааст. Дар асли ин намуди беморӣ хароб гардидани кардиомиотситҳо нуҳуфта шудааст, ки бо сабаби он қобилияти кашидашавӣ, халалдор шудани саракҳои дил, норасої дар кори клапани дил, заъфи дил ва ғ. ба вуқуъ мепайвандад;

Нишонаи намуди гипертрофӣ ѓафс шудани деворҳои меъдачаи чап ва бидуни таѓйир мондани андозаи дохилии он мебошад, ки дар бештари маврид бо сабабҳои номаълум ғайримутаносиб қарор мегирад. Дар ин ҳолат фаъолияти диастоликӣ ва назми кори дил халалдор мегардад. Ин намуди кардиомиопатия низ хатарнок буда, метавонад ба аритмия ва марги ногаҳонӣ мунҷар гардад;

Кардиомиопатияи рестриктивӣ ба халалҳои морфологӣ ва зуҳури суддабандии (фиброз) эндокардӣ (пардаи даруни дил) ва миокардӣ ифода меёбад, ки ба тағйир дар фаъолияти диастоликии дил оварда мерасонад. Нишонаҳои асосии ин навъи кардиомиопатия сахт ва паст шудани ёзандагии эндокард ва миокард, халал дар кори пуршавии меъдачаҳо аз хун, пайдоиши суддаҳо (тромб) дар дохили дил ва ғ ба шумор мераванд.

Бемории кардиомиопатия бемориест, ки пайдоиши он номаълум боқӣ мондааст, бинобар ин сабабҳои ба вуҷудоварандаи он низ на ҳамеша дақиқ муайян карда мешаванд. Нишонаҳои беморӣ вобаста ба навъъи он бо ҳам тафовути ҷиддӣ доранд. Чизи муҳим ин аст, ки давраҳои аввалияи кадиомиопатия қариб бе аломат мегузаранд ва аз шикоятҳои маризони муроҷиаткарда низ дар бисёр маврид муайян намудани ин беморї сахт душвор аст. Дар мавриди навъи гипертрофии беморӣ ягона нишонаи бурузи он марги ногаҳонии қалбӣ мебошад.

Ҳангоми кардиомиопатия беморон асосан аз мавридњои зер шикоят мекунанд:
 халал дар нафаскашӣ ҳангоми кори ҷисмоӣ ва ҳолати оромӣ;
 хуруҷи зуд зуди хафақон;
 сустӣ ва мондагии тез;
 варами пойҳо;
 вазнинӣ дар қисмати поёнии қабурғаҳои рост;
 дарди шадид дар қисмати дил;
 дилзанӣ, ки ба халалдор шудани назми кори дил марбут аст.

Чун кардиомиопатияро ташхис намудан кори душвор аст, барои муайян намудани навъи аниқи он, бархурди комплексӣ: ЭКГ, рентгенография, эхокардиография ва тестҳои гуногун истифода мегардад. Табобати этиологии ин беморӣ аслан имкон надорад. Барномаи комплексии табобат бошад, аз тартиботи табобатӣ, ислоҳи норасоии доимии кори дил, ҷарроҳӣ ва ғ иборат аст. Мутаасифона, дар ҳар навъи ин беморӣ пешгӯиҳо дар бештари маврид манфӣ аст, чун хатари марги ногаҳонӣ, норасории қалбӣ, тромбоэмболии дил бисёр болост. Бино бар ин, ташхиси саривақтӣ дар давраҳои аввалияи беморӣ хеле муҳим аст. Ба таъбири дигар, агар шумо нишонаҳои дар боло зикр гардидаро дар худ мушоҳида намоед, фавран ба мутахассис муроҷиат кунед. Тибби муосир қодир аст шуморо комилан аз пайомадҳои бади ин бемории хатарнок маҳфуз нигаҳ дорад ва саломатиатонро пурра баргардонад.
Шӯъбаи кардиологии Бемористони Ибни Сино яке аз беҳтарин шӯъбаҳои ин бемористон ба шумор меравад. Шӯъбаи кардиологӣ бо таҷҳизоти замонавии муосир ( монанди ЭКГ, Эхо КГ- Доплер, Стесс тест, ангиограф ва ғ.) муҷаҳҳаз буда, дар он мутахассисони варзидаи ватанӣ ва хориҷӣ фаъолият мекунанд. Ҳама ин ба мутахассисони шӯъба имкон медиҳад, ки мушкилтарин бемориҳои қалбиро ташхису табобат кунанд.

Барои дастрас гардидани хизматрасониҳо ба қишарҳои мухталифи аҳолии кишвар, дар назди бемористон ташклоти суғуртавии "Суғуртаи миллӣ" таъсис шудааст, ки пайвастан ба барномањои он хароҷоти шуморо то 80% кам мекунад. Худ ва наздиконатонро суғурта намуда, бо нархи арзон аз хизматрасонии тиббӣ муосир истифода намоед.
Мӯҳр
Кардиолог
Ба таваччухи муаллиф:
Мутобики Тибби исботшуда ва Таснифи байналмилалии беморихо, ки аз чониби Ташкилоти умумичахонии тандурусти пазируфта шудаанд, дар илму амали кардиологияи муосир ташхиси "кардиомиопатия" вучуд надорад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)