АКС: Гулмурод Ҳалимов кушта не, маҷруҳ шудааст
Наздикони Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи собиқи “ОМОН”-и Тоҷикистон мегӯянд, хабари кушта шудани ӯро нагирифтаанд. Ба иттилои онҳо, ин хабарро мақомоти тоҷик низ тасдиқ накардаанд ва аз шарикони Гулмурод ҳам дар ин бора хабаре нарасидааст.
Дар ҳамин ҳол, бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, ки зери номҳои мустаор аз созмони террористии “Давлати исломӣ” ҳимоят мекунанд, хабари кушта шудани Гулмурод Ҳалимовро рад карда, навиштаанд, ӯ дар пайи як амалиёт танҳо аз пояш ҷароҳат бардоштааст. Онҳо инчунин аксҳои Гулмурод Ҳалимовро нашр кардаанд, ки бо сару пойи докапеч бистарӣ мебошад.
Мақомоти амниятии Тоҷикистон мегӯянд, феълан иттилои дақиқе дар мавриди вазъи Гулмурод Ҳалимовро надоранд ва хабарҳо дар мавриди маргу маҷруҳшавияшро таҳқиқ хоҳанд кард.
Сомонаи хабарии “Арабӣ пресс”-и Лубнон аз ҳалокати Гулмурод Ҳалимов, собиқ фармондеҳи “ОМОН”-и Тоҷикистон хабар дод, ки ду моҳи қабл ба созмони террористии “Давлати исломӣ” пайваст.
Сомона бо такя ба манобеи маҳаллиии худ иттилоъ додааст, Гулмурод Ҳалимов якҷо бо фармондеҳи дигари “ДИИШ” -- Абу Умар Чеченистонӣ рӯзи ҷумъаи гузашта дар шаҳри Муҳассан мавриди ҳамлаи ҳавоии артиши Сурия қарор гирифтааст: “Дар пайи зарбаи мушакии артиши Сурия биное, ки он ҷо бо иштироки Ҳалимов ва Чеченистонӣ ҷаласа ҷараён дошт, хароб шуд. Ҳалимов дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, дуюмӣ ҷароҳати вазнин бардоштааст”.
Ба иттилои манбаъ, Ҳалимов бо Чеченистонӣ ду корвони бузури техникаи ҳарбиро аз Ироқ интизор буданд ва ният доштанд, баъди гирифтани яроқ пойгоҳи ҳарбӣ-ҳавоии минтақаи Дейр-аз Зуриро мавриди ҳамла қарор диҳанд, “аммо соати 11-и шаб дар пайи зарбаи ракета биное, ки дар он ҷо ҷаласа баргузор гардидааст, хароб гашт”.
Ба иттилои манбаъ, субҳи шанбеи гузашта ду корвони мошин, яке бо ҷасади Ҳалимов ба тарафи Ироқ ва дигаре бо Чеченистонӣ маҷруҳ ба тарафи Раққа ҳаракат карданд: “Дар пайи ҳамла дар шаҳри Муҳассан амалиёти густурдаи ҷангиёни ДИИШ оғоз шуда, дар шаҳри Раққа, беморхонае, ки дар он Чеченистонӣ табобат мегирад, таҳти муҳофизати шадид қарор гирифтааст”.
Гулмурод Ҳалимов, ки 27-уми май пас аз як моҳи бедарак шуданаш тариқи навори видеоӣ дар интернет аз пайвастанаш ба ДИИШ иттилоъ дод, феълан бар асоси 5 моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон мавриди кофтукоби байналмилалӣ қарор гирифтааст. Ба иттилои дафтари матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон, ин ниҳод бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла моддаҳои 305 (хиёнат ба давлат), 187 қисми 2 (иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ) ва 401 (иштирок дар задухӯрдҳои мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар дигар давлатҳо) алайҳи Ҳалимов парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Манбаъ меафзояд, инчунин нисбат ба Ҳалимов бо иҷозаи додгоҳ “чораи пешгирӣ дар намуди ҳабс ба таври ғоибона” татбиқ гардида, ҳоло исми ӯ дар кофтукови байналмилалӣ қарор дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |