Миср пас аз суқути ҳукумати Мурсӣ дубора сафирашро ба Исроил фиристод
Миср баъд аз се сол сафири худ дар Исроилро, ки дар давраи ҳукуматдории Муҳаммад Мурсӣ, раисҷумҳури пешини ин кишвар ба Ватан фаро хонда шуд, дубора ба шаҳри Тел-Авив фиристод.
Ба иттилои нашрияи “аш-Шарқ ал-Авсат”, Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ, раисҷумҳури Миср рӯзи 21 июн Ҳозим Хайратро сафири кишвараш дар Тел-Авив, таъйин кардааст.
Ин дар ҳолест, ки сафири пешини Миср дар Исроил моҳи ноябри соли 2012 ба фатан фаро хонда шуда, то ҳол курсии сафирии ин кишвар дар шаҳри Тел-Авив холӣ буд.
Сафири Миср он замон бо дастури Муҳаммад Мурсӣ, раисҷумҳури пешини ин кишвар дар пайи ҳамлаи неруҳои амниятии Исроил ба навори Ғазза ба Ватан фаро хонда шуда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |