Чоршанбе, 2 Апрел 2025
Ҳайит: Танҳо Раёсати олӣ салоҳияти барҳам додани шӯъбаи ҲНИТ-ро дорад

Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, тамоми аризаву дархосте, ки масъулон ва аъзои ҲНИТ зери фишори мақомоти амниятӣ, корҳои дохила ва мақомоти иҷроя навиштаанду менависанд, эътибор надоранд.
Ҷаноби Ҳайит, ки имрӯз, 22 июн дар нишасти хабарии ҳизбашон сӯҳбат мекард, гуфт, “бар асоси қарори Шӯрои сиёсии ҲНИТ аз 8 майи соли 2015 тамоми ин аризаву дархости масъулон ва аъзои ҲНИТ, ки зери фишор навишта ё изҳор шудаанд, эътибори юридикӣ надоранд”.
Дар ин нишаст ҳамучунин изҳор шуд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва иҷроия аъзои ҳизбро маҷбур кардаанд, зери фишорҳои шадид аризаи аз ҳизб хориҷ шуданашонро бинависанд ва баъдан ин аризаҳоро ҷамъоварӣ намуда, ба дасти масъулони ҲНИТ дар шаҳру навоҳӣ супурдаанд, ки инҳоро аз ҳизб ихроҷ кунед.
Маҳмадалӣ Ҳаит ҳамчунин гуфт, ҳаққи барҳам додани бахш ва шӯъбаҳои ҲНИТ бар асоси оиннома салоҳияти истисноии Шӯрои сиёсӣ ва Раёсати Олии ҲНИТ аст ва ниҳодҳои поинрутбаи ҳизб ҳаққи барҳам додани бахш ва шӯъбаҳоро надоранд: “Аз ин рӯ изҳороте, ки зери фишор аз ҷониби масъулони мо дар шаҳру навоҳӣ дар мавриди қатъи фаъолияти ҲНИТ пахш шудааст, эътибори ҳуқуқӣ надоранд ва ғайриқонунӣ мебошанд”.
Ахиран, дар шабакаи ютуб даҳҳо наворе паҳн шуд, ки дар он нафароне худро аъзои ҲНИТ муаррифӣ намуда, изҳор медоранд, ки сафи ҳизбро тарк менамоянд. Дар ин миён бархе масъулини шӯъбаҳои ҲНИТ дар навоҳӣ низ пешниҳоди бастани ин ташкилоти сиёсиро мекунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |