"Толибон" масъулияти ҳамла бар парлумонро бар душ гирифтааст
Расонаҳои маҳаллии Авғонистон аз инфиҷор дар бинои парлумони ин кишвар хабар додаанд.
Телевизиони парлумон тасвирҳоеро аз толори маҷлиси намояндагон нишон додааст, ки пур аз чангу дуд аст. Сиддиқ Сиддиқӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилаи Афғонистон ба расонаҳо гуфтааст, неруҳои амниятӣ ба маҳалли ҳодиса фиристода шуда ва бинои парлумон ба муҳосираи неруҳои амниятӣ даромадааст.
Яке аз кормандони дабирхонаи парлумони Афғонистон, ки дар ин инфиҷор захми сабук бардоштааст, ба БиБиСӣ гуфта, бар асари шиддати инфиҷор хеле аз шишаҳои сохтмонҳои даруни маҳватаи парлумон шикастанд. Ин корманди парлумон гуфтааст, маҳалли дақиқи инфиҷор ҳанӯз мушаххас нест, аммо садои тирандозӣ ба гӯш мерасад ва кормандони дабирхона ба ҷойҳои амн интиқол шудаанд. Толори ҷаласаи парлумон тахлия шуда, аз талафоти ин инфиҷор ҳанӯз гузориш нашудааст.
Нақибуллоҳ Фойиқ, як узви Маҷлиси намояндагон, ки ҳангоми инфиҷор дар толори умумӣ ҳузур дошт, гуфтааст, мунтазири вуруди муовини дуввуми раёсати ҷумҳурӣ ва номзади вазорати дифоъ буданд, ки ногаҳон инфиҷори қавӣ рух дод. Ин узви маҷлиси намояндагон гуфтааст, ба дунболи инфиҷор садои тир идома ёфт ва намояндагони маҷлис барои наҷоти ҷони худ аз маҳал фирор карданд. Оқои Фойиқ гуфтааст, имрӯз мебоист, номзад ба симмати раҳбари Вазорати дифоъ баррасӣ мешуд. Ба ин мақом Маъсум Истонакзай номзад будааст.
Дар ҳамин ҳол, бархе расонаҳои Афғонистон навиштаанд, ки масъулияти ин инфиҷорро "Толибон" бар душ гирифтааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |