Таъкиди бунёди ҳарчи зудтари корхонаҳои саноатӣ дар дидори Э.Раҳмон ва Г.Гэнамо
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 22 июн бо Го Гэнамо, котиби кумитаи ҳизбии музофоти Хэнани ҷумҳурии мардумии Чин мулоқот намудааст.
Тибқи иттилои дафтраи матбуоти раисиҷумҳури кишвар, Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот аз ҳамкорӣ бо ин музофоти Чин дар соҳаи кишоварзӣ, ки панҷ сол пеш оғоз ёфт, изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамзамон таъкид доштааст, тавофуқот дар мавриди сохтмони як қатор корхонаҳои саноатӣ ҳам бояд ҳарчи зудтар иҷро шавад.
Манбаъ мегӯяд, дар мулоқот таваҷҷуҳи бештар ба иҷрои нишондоди тафоҳумнома оид ба ҳамкорӣ миёни як зумра вазорату идораҳои Тоҷикистон бо музофоти Хэнан зоҳир гардидааст: “Чунонки ёдоварӣ шуд, тибқи ин санад бояд аз ҷониби ширкатҳои чинӣ дар Тоҷикистон якчанд корхонаи саноатӣ, аз ҷумла барои истеҳсоли техникаи кишоварзӣ, нуриҳои минералӣ, орд, равған, хӯроки омехтаи чорво ва коркарди тухмии зироатҳо сохта шавад. Бо хушнудӣ зикр гардид, ки як зумра корҳои муштарак, аз ҷумла кишти пахта, ҷуворимакка ва дигар зироатҳо бо технологияи муосири кишоварзӣ дар Тоҷикистон, аллакай иҷро шудааст”.
Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо Го Гэнамо иброз доштааст, ки корхонаҳои саноатӣ низ бояд ҳарчи зудтар сохта ба кор дароварда шаванд. Инчунин дар ин дидор ҷонибҳо доир ба имконоти фарохи рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноат, кӯҳкорӣ, сохтмон, ташкилу густариши робитаҳои фарҳангӣ суҳбат намудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |