Амри Хадамоти алоқа: 80 дирам аз ҳар симкорт дар як моҳ
Ширкатҳои мобилии Тоҷикистон муштариёнашонро огоҳ кардаанд, ки минбаъд ҳар моҳ аз ҳар симкорти фаъол 80 дирами иловагӣ ситонда хоҳад шуд.
Тибқи иттилоияи ширкатҳои мобилии ТСЕЛЛ, Вавилон, Мегафон ин иқдом аз 1-уми июли соли равон амалӣ шуда, дар асоси супориши мақомоти давлатии Тоҷикистон сурат мегирад. Дар иттилоияи ширкатҳо аз ҷумла омадааст, “дар асоси фармоиши Хадамоти алоқа ва Хадамоти зиддиинҳисорӣ аз 1-уми июли соли равон пардохти муштарипулии ҳармоҳа барои истифодаи рақам 80 дирам ситонда мешавад”.
Аз ширкати ТСЕЛЛ ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ки ин маблағ танҳо аз рақамҳои фаъол гирифта мешавад.
Тибқи иттилои расмӣ, дар кишвар феълан ҳудуди 6,5 миллион симкорти фаъол дар дасти мардум мебошад. Бармеояд, ки дар пайи роҳандозии пардохти нав ҳар сол 62 миллион сомонӣ аз кисаи мардум гирифта шуда, ба буҷаи давлат ворид мегардад.
Муштарипулии нав баъди он ҷорӣ шуд, ки ахиран Хадамоти алоқаи Тоҷикистон иҷораи рақамҳои мобилӣ ва NGN-ро дар як моҳ аз 10 дирам то ба 1,82 сомонӣ боло бурд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |