Тасарруфи боз як минтақаи ҳаммарз бо Тоҷикистон аз сӯи “Толибон”
Вулусволии Дашти Арчии вилояти Кундузи Афғонистон, ки ҳаммарз бо Тоҷикистон мебошад, таҳти тасарруфи ҷангҷӯёни “Толибон” қарор гирифтааст. Насриддин Саъдӣ, вулусволи Дашти Арча субҳи 22 июн дар суҳбат бо расонаҳои кишвараш ин хабарро тасдиқ кардааст.
Ба гуфтаи оқои Саъдӣ, вулусволии Дашти Арчаи Афғонистон баъд аз ду рӯзи даргириҳои густурда бо ҷангҷӯёни “Толибон” аз идораи неруҳои давлатӣ берун шудааст. Дар ҳамин ҳол, Набиҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон низ бо нашри изҳороте аз пешравии ҷангҷӯёни ин гуруҳ хабар дода, гуфтааст, ҳоло вулусволии Дашти Арчии Афғонистон таҳти контроли онҳо қарор дорад.
Ин дар ҳолест, ки шоми 20 ба 21 июни соли равон, ҷангҷӯёни Толибон вулусволии Чаҳордараи ин вилояти ҳаммарз бо Тоҷикистонро тасарруф карда буданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |