Чаҳордараи Афғонистон низ таҳти идораи Толибон қарор гирифт

Мақомоти маҳаллии вилояти Кундузи Афғонистон, ки ҳаммарз бо Тоҷикистон аст, аз таҳти тасарруфи гуруҳи Толибон қарор гирифтани вулусволии Чаҳордараи худ хабар медиҳанд.
Муҳаммад Юусуф Аюбӣ, раиси Шӯрои вилоятии Кундуз дар суҳбат бо хабаргузории “Пажвок” гуфтааст, даҳҳо ҷангҷӯи Толибон шоми 20 июн дар пайи даргирие бо нерӯҳои давлатӣ тавонистаанд, вулусволии Чаҳордараро таҳти тасарруфи худ қарор диҳанд.
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло неруҳои давлатии Афғонистон то 4-километрии шаҳри Кундуз ақибнишинӣ кардаанд.
Амриддин Валӣ, узви Шӯрои вилоятии Кундуз дар ин ҳодиса ҳукумати Афғонистонро айбдор карда, афзудааст, “ҳукумати марказӣ ба дархости такрории мо, ки хостем, неруҳи иловагӣ фиристода шавад аҳамият надоданду бетаваҷҷуҳӣ карданд”.
Ғулом Муҳиддин, як масъули амниятии вулусволии Чаҳордара низ дар суҳбат бо “Пажвок” ин хабарро тасдиқ карда, гуфтааст, ҷангҷӯёни Толибон дар баробари тасарруфи ин вулусволӣ шуморе аз васоити нақлиёт ва таҷҳизоти давлатиро низ соҳиб шудаанд.
Вулусволии Чаҳордара дар 10-километри 0арби шаҳри Кундуз ҷойгир буда, моҳҳои ахир ба саҳнаи даргириҳои шадиди неруҳи давлатии Афғонистон бо ҷангҷӯёни Толибон табдил ёфтааст. Ин дар ҳолест, ки қаблан мақомоти Афғонистон мегуфтанд, Толибон 65 дарсади ҳудуди Кундузро ба тасарруфи худ даровардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |