Таъсиси фонди хайриявӣ бо қарори раиси вилояти Суғд
Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд хостори ташкили фонди хайриявие шудааст, ки тариқи он ба шаҳрвандони камбизоат, яккаву танҳо, маъюб ва собиқадорони ҷангу меҳнат кӯмак расонида мешавад.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раиси вилояти Суғд, Абдураҳмон Қодирӣ қарор дар бораи ташкили ин фондро аз 17 июни соли равон ба тасвиб расонидааст: “Барои фароҳам овардани шароити мусоид ва беҳгардонии сатҳи зиндагии аҳолии эҳтиёҷманд, ҳалли масоили гуногуни иҷтимоидошта, инчунин дастгирии моддии шаҳрвандон Фонди хайрияи Шӯъбаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таъсис дода мешавад”.
Манбаъ мегӯяд, фонди мазкур бо мақсади ҷалби захираҳои иловагии молиявӣ ҷиҳати ҳалли масоили гуногуни иҷтимоӣ ва боз ҳам мустаҳкам кардани заминаҳои моддию техникии муассисаҳои аз буҷети вилоят маблағгузоришаванда, дастгирии модии шаҳрвандони камбизоат, яккаву танҳо, маъюб, собиқадорони ҷангу меҳнат ва ғайраҳо фаъолият менамояд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |