Се рӯз истироҳати Тоҷикистониён бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ
Сокинони Тоҷикистон бахшида ба 18-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки аз соли 1997 ба ин сӯ ҳамасола рӯзи 27 июн таҷлил мешавад, се рӯз истироҳат хоҳанд кард.
Тавре аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон хабар медиҳанд, имсол санаи 27 июн ба рӯзи истироҳатии шанбе рост меояд, аз ин рӯ, 29 июн, рӯзи душанбе низ истироҳат эълон хоҳад шуд.
Бар асоси қонунгузориҳои Тоҷикистон, агар рӯзҳои ид ба рӯзҳои истироҳат рост оянд, пас рӯзҳои навбатии корӣ ҳамчун рӯзи истироҳат эълон мегардад.
27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав Созишномаи сулҳи тоҷикон баъд аз баргузории ҳашт давр ба имзо расид, ки он ба муноқишаҳои дохилӣ дар сарзаминамон хотима гузошт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |