Бахшҳо

Дар Тоҷикистон Гимназияи исломӣ бошад ё набошад?

Ягонаи Гимназияи исломии Тоҷикистон ахиран хабарсоз шуд. Хабарҳо дар бораи қатъи фаъолияти он дар андак фурсат ба сархати хабарҳо баромад. Бино ба иттилои расида, дар ин муассисаи таълимӣ 1548 нафар таҳсил мекардаанд ва Вазорати маориф ва илм гуфт, як теъдод аз онҳо акнун дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ дарс хоҳанд хонд. Далели мушкили гимназияро дар баҳси биное медонанд, ки он ҷойгир аст. Дар робита ба ин “Озодагон” соҳибназарон пурсид: ДАР ТОҶИКИСТОН ГИМНАЗИЯИ ИСЛОМӢ БОШАД Ё НАБОШАД?


Саъдӣ МАҲДӢ, устоди донишгоҳ

Борҳо гуфтаем ва бори дигар мегӯем, ки таълимоти исломӣ дар мазҳаби ҳанафӣ на танҳо дар мактабҳои сирф исломӣ, ки дар мактабҳои давлатӣ низ амри зарурист. Чаро? Имрӯзҳо ҷавонон аз сабаби ошноӣ надоштан ба фикҳи ҳанафӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву экстремистӣ рафта истодаанд. Танҳо мазҳаби таҳаммулгарои Имоми Аъзам ва додани минбар ба шахсиятҳои маъруфи ин мазхаб метавонад пеши роҳи ифротгароиро бигирад. Ҳоло ин шахсиятҳо куҳансол шуда истодаанд. Барои ин сулоларо давом додан бояд хатман гимназия ва литсейҳои исломӣ кушоянд ва тарзи таълим назорат карда шавад. Одами нодон мисли кӯр аст, мегӯяд халқ. Бояд ин ҷавононро аз гумроҳӣ ва роҳи бад баргардонд. Бастану манъ кардан роҳи ҳалли масъала нест. Гимназияи исломи ҳатмист, новобаста аз хоҳиши баъзе шахсон, ки фикр мекунанд, ҳар қадар банданду манъ кунанд, комёб мешаванд, вале онҳо хато мекунанд.

Эҳсони ХУШБАХТ, сухангӯи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон

Аз сабабе ки бинои феълии Гимназияи исломӣ мавриди баҳси додгоҳие шудаасту бояд ба соҳибонаш баргардонида шавад, шояд масъулини гимназия хонандагони синфи 10 ва 11-умро, ки ҳудуди 200 нафаранд, дар Донишкадаи исломи ҷой кунанду боқимонда дар муассисаҳои таълимии шаҳр ба таҳсил фаро гирифта шаванд.

Меҳмоншоҳ ШАРИФЗОДА, ҷомешинос

Яке аз фазилатҳои ҷомеаи демократи ин аст, ки ин ҷомеа модел ё чорчӯбаи муайян надорад ва ҳар як давлат вобаста ба арзишҳо, идеяҳо, ормонҳо ва орзуҳои мардуми худ бояст ин ҷомеаро бунёд кунад. Ин аст ки фикр мекунам гимназияи исломӣ ва ё миллӣ-исломӣ дар Тоҷикистон агар мехоҳем як фазои солими иҷтимоӣ дошта бошем, як амри зарурист. Гуфтан зарур аст ки маориф ба “исломӣ”, “масеҳӣ” ва ё “шарқиву ғарбӣ” ва умуман ба идеология кор надорад. Ин идеология аст, ки ба маориф кор дорад ва зиёдтар аз ин, дар сохтмони ҳуввият ва идеологияи миллии мо арзишҳои созандаи исломӣ нақшӣ муҳим доштанд ва хоҳанд дошт. Ва имрӯз агар хоҳем, ки шахсияти пурра, на равонгусехтаро, дошта бошем мебояд арзишҳо, идеяҳо ва идеалҳои фарҳангии исломии хешро бе мамониат, бе тарс дар барномаҳои кўдакистонҳо, мактабҳо ва донишгоҳҳоямон дохил намоем. Маорифи мо он вақт пурра мешавад ки дар кўдакистонҳои мо, дар мактабҳои мо ва дар донишгоҳҳои мо арзишҳои дини-номусӣ чун дар бисёр мамлакатҳои тарақикардаи дунё таълим дода шаванд ва дар сохтмони шахсиятҳои мо нақши бунёдӣ дошта бошанд. Ин арзишҳо ва донишҳоро на бояд фишор оварда ба гӯшаҳо, ба торикиҳо пароканда кард, балки онњоро бояд ба оғӯш гирифт то парокандагиҳоямон ҷамъ ва торикиҳоямон рӯшан гардад.

Ба таъкидҳои зиёди Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҷузъи таркибии фарҳанги милли будани арзишҳои Исломӣ нигоҳ накарда аз барномаи мактабҳо бардоштани дарсҳои ахлоқӣ ва маърифатии исломӣ кори хайр набуд. Талабаҳо ва донишҷуёни ин сарзамин ба бисёр масъалаҳои ҳаётии воқеияти хеш ҷавоби дуруст ва амиқ меҷўянд ва беҳтар мебуд, ки ин ҷавобҳоро на аз одамони тассодуфӣ, балки аз устодони аз таърих, фарҳанг ва ҳуввияти Тоҷикон огоҳ мегирифтанд. Умуман дар мактабҳои Тоҷикистон аз давраи Шӯравӣ боз масъалаи омӯзиши илм ва дониш ва алоқамандии илм ба истеҳсолот ба таври равшан ҳал шудааст ва мо дар ин соҳа таҷрибаи замонавии худро дорем ва ба кумаки ҳеч кас эхтиёҷ надорем ва ин ба мо имконият медиҳад фарзандони худро бе нишондоди дигарон тарбият кунем.

ШУМО НИЗ АНДЕШАИ ХУДРО БИНАВИСЕД.
Мӯҳр
Хамкунандагони литсейи исломи дар оянда бо кадом ихтисос фаъолият мекунанд ва ба чамъият бо кадом намуди касб манфиати худро мегузоранд. Агар баъди хатми литсей касби муллогиву домлогиро мегирифта бошанду дар оянда дар ба дари мардум мегашта бошанд, инро бояд фикр кунанд.

Чаро оиди тахсили илм ва касбомузи дар литсейхои касби техники гап намезанему, литсейхои диниро тез мавриди бахс карор медихем? Мо имруз бояд таваччух кунем бештар ба касбомузи ва зиндагии шоиста дар асри 21. диндориро дар мухити оила омухтан мумкин аст.

Хукуммат не инро хам чосузхои хоричи исроилу хаммаслаконаш ташкил карданд барои игвоангези Худо нигахбони миллатамон бошад вагар на боз чанги бародаркуши сурат мегирад, бо хар роху восита мехоханд миллатро ба шур бархезонанд мисле дар чанги пешин аз идеологияи махалчиги истифода бурда буданд акнун ки мо худро шинохтем 1 дил шудем як кавоу якка Худову мехрубон ин маротиба мехоханд тахти фишор ....

Шоди, асосан хонандагони ин гимназияхоро асосан онхое ташкил медиханд ки ба ягон донишгох Рафтан нестанд ва дар холати ба гимназия нарафтан кучагардиро пешаи худ мекунанд ки ояандаи хуб надорад

Мухаммад
Чаноби Шоди ва дигарон! Лицеи исломи мисли мактаби миена аст. Маълумоти миенаи умуми медихад. Баъди гирифтани атетат хатмкунанда кадом касберо хохад интихоб менамояд ва дар хамон ришта тахсил мекунад. Исломбадбини шумо шуморо кур кардааст, ки чунин суол медихед, ки хатмкунандахои лицей мулло шаванд, аз хисоби мардум зиндаги мекунанд. Бу ман гуед ки сохиби кадом тахасус аз хисоби мардум зиндаги намекунанд??? Мансабдорон, муаллимхо, докторхо хулоса хамами чиновникхо на танзо аз хисоби мардум маош мегиранд, балки барои анчоми вазифаашон пора низ талаб мекунанд. Так что на танхо муллохо аз хисоби мардум зиндаги мекунанд, шояд худи шумо низ аз хисоби мардум зиндаги мекунед. Гадо душмани гадо!!! Ба фикрам факат точикхо чунин табиати хасадхури доранд.

benom
Халимов ва палковник дар Санкпетербург буда дар гимназияи исломи хонда буд.
дина хондани намози чумъа дар пеши масчид як коргари милиса як зани тахмин аз
60-сола аз одамо ёрдам мегуфт ин милиса кариб аз 6 то 10
Бор лаънати гуфт хамун занаки талбандаро баъд як муйсафед омада занакро аз пеши милиса дуртар бурд. Оё ин милиса бафирам летинант ё летинанти калон рутбааш буд оё инам гимназияи исломи хондааст
Шуммо фикр кунед ин милиса ягон донишгохро хатм кардааст боки саломат бошед

Суханои устод Саъди сад дар сад дурустанд.Гимназияи исломи ин ягона гимназия буд ки фарзандони мо аз асли хеш ва дину мазхаби худ бохабар мегаштанд.Сад афсуз ки ба кадраш нарасидем.Хамаи дастовардхояшро фаромуш кардем.Фарзандхоямонро ба кучо барем боз ба хамон мактабхое ки хонандахояшон сигарет мекашанду пиво менушанд.Худованд шуморо хидоят намояд.

Агар Дар назди мулло хонанд муллои бечораро сад тухмати дигарро бар сараш бор карда ба чавобгари мекашанд. Ба мсчид то 18 сола мамнуъ. Конуни давлат ичоза додааст ки дар масочид гурухи таълими кушода шавад. Аммо ин дар руи когаз аст. То хол дар ягон масчид дарси мусулмони нест. Кучо раванд фарзандони мусулмон?! Ба чои онки дар хамаи нхияхои чумхури филиалхои гимназияи исломиро кушоянд бо хар бахона онро баста истодаанд. Аз Чаноби Оли илтимос дорем ки ба ин проблема дахолат карда рохи халлашро ёбанд. Ё худошон бевосита ба шефи гиранд.

Ба шоди
ту дар дилат мараз доштаи! Марази бадбини ба дин. Ин литсей мулло таёр намекунад талхакаф нашав. Ин статуси мактаби миёнаро дорад. Озодагон ба ту дарди дил накунем ба кучо кунем???

Ман дар Финланд 8 сол аст, ки пизишк кор мекунам. Дал тамоми бемористонҳо ва муассисаҳои таълимию касбӣ ва ҳатто корхонаҳо намояндагони дини худашон (пасторҳо) кори расмӣ мекунанд ва аз тарафи муассиса ё давлат маъош мегиранд. Дар бемористон, ҳатто табибон дар баъзе ҳолатҳои мушкили равонии маризон, расман маслиҳати ин намояндагони динро тавсия медиҳанд ва бо розигии мариз ӯро даъват мекунанд, то бо маслиҳату машварати худ ба мариз кӯмаки равонӣ расонад.
Ин гуна корҳои масъулони моро дар Тоҷикистон аз сомонаҳо хонда, рости гап шигифтзада мешавам ва ҳатто метарсам, ки оқибати чунин корҳо ба хубӣ намеанҷоманд.
Наход, дар байни ин масъулон шахсе набошад, ки натарсида ҳақиқатро ба гӯши ин масъулони кундандеша расонад, ки ин корҳо оқибати хуб надоранд.
Барои ин корҳо бояд чунин шахсонро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашид!
Ба андешаи ман ва ман аминам, ки хато намекунам, давлат ва халқи мо вазифадоранд, ки Исломро бояд фарзандони мо омӯзанд. Дини мо фарҳангамон аст, таъриху ояндаамон аст!
Мо бояд ба маъориф ислоҳоти куллӣ дарорем. Дар мадди аввал чунин масълаҳоро ба инобати хос гирем ва дар қатори илмҳои дақиқ Қуръонро омӯзем. Оё гузаштагони бузурги мо, ки мо имрӯзу фардо бо онҳо фахр мекунем, аввал мулло набуданд? Ҳофизи шерозӣ Қуръонро бо 12 ривоят мехонд ва қории Қуръон буд. Аз Девон ғазалиёти ӯ бузургони ғарб омӯхтаанд. Синою Мавлавию Берунию Хайёмро ҷаҳон мешиносад ва ғ. ва ҳ.
Сабаби асосии ифротӣ шудани на фақат мардуми мо, балки мардуми кулли ҷаҳон аз надонистани Ислом ва динҳои дигар аст!
Чаласаводии баъзе масъулони мо маънои онро надорад, ки мо дидаву дониста ба онҳо иҷозат диҳем, ки аз пеши худ ҳар чӣ хоҳанд, кардан гиранд. Ин гуна бюрократия оқибати нагувор дорад ва ҳар яки мо инро имрӯз хуб дарк карда истодаем. Фарзандони мо рӯз аз рӯз ақибмонда шуда истодаанд ва обрӯи миллати мо дар зинаи коҳиш аст, чунки на илми пешрафта ва на иҷтисодиёти пешрафта дорем. Наход, 1500 нафарро якбора аз мактаб ронанд! Охир, ин ҷиноят аст! Ин кӯдакон чӣ гуноҳ доранд? Наход, мардуми мо дидаву дониста хомӯш истанд!?
Барои босавод шудан, аввал бояд худро шинохт. "Худшиносӣ Худошиносист", гуфтаанд. Оё бо чунин корҳо мо худро мешиносем? На, бародарон! Мо аз худ дӯр шуда истодаем! Ҳатто, дар замони шуравӣ чунин дуршавӣ набуд!
Финҳо ҳамагӣ дар дунё аз 5 миллион зиёд нестанд ва дар байни обу оташ мубориза бурда ва мебаранд, то ҳуввияти худро гум накунанд. Ана, инҳоро "Миллати қаҳрамон", гӯем дуруст аст. 500-600 сол русу шведҳо инҳоро натавонистанд аз худ кунанд. Ҳатто Нитлер натавонист!
Ана ин тавр бояд шуд! На худкушу бегонапараст!!!

Умар
Ба Шоди гуфтаниам ки аввалан Гимназияи исломи мулло тарбия намекунад ,Гимназияи исломи ягона даргохи илму маърифат буд ки фарзандхои мо илми динию дунявиро меомухтанд.Хатмкунандагони ин гимназия кисми зиёдаш дар донишгохои оли тахсили худро давом дода истодаанд.Таълиму тарбияи хонандагони гимназия бехтар аст аз мактабхои тахсилоти миёнаи умуми.Дар охир ба Шодибой гуфтаниам ки ана хамон муллохои дар ба дар мегуфтагит пагох шумо баринхоро чаноза мекунанд Худо хидоятат кунад!!!!

Шоди ва Мусофир. Фикру акидаи хардуи Шумо нодуруст аст. Шоди аввал инки гимназия ихтисос намедихад ва хамчун мактаби миёна аст ва баъди хатми он онхо метавонанд дар донишгоххо тахсил карда сохиби ихтисос шаванд. Баъдан Мусофир ифкри ту хам галати махз аст тахсилкардаи гимназияи исломи дар донишгоххо тахсил менамоянд. Онхо бекорхучаву кучагард нест мисли Шумо барин нотавонбинхои качдил.

Хайрон
дар Точикистон 100-то лицею 100-то мадрасаи Исломи бошад хам кам аст. чун ахоли ташнаи омузиши илми динисту аммо дар асл бо сад бахона хама мадрасахоро яко як бастаанд.
ойо шумо хабар доред ки тамоми мадрасахоро ин як ду сол бастаанд? аммо хамаруза боз мегуянд ки ана якчанд мадраса дорем, лицей дорем ва гайра. афсууууус

комрон
Кори беандоза дуруст карданд.Аз чунин гимназия як литсеи касби-техники бехтар аст, ки хатмкадаи он сохиби касбу хунар гардида дар оянда рузгору зиндагиашро пеш мебарад.

Тарбияа Кардани ИнСон Аз Курьону Хадис Хаст.Лицеи Исломи Бо Мазхаби Ханафи Бсёр Дар ЧомеьаиМо Даркорхаст.Одамхо Барахи Бад Намераван.Бесавод Мисли Одами Кур Хаст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)