Бахшҳо

“The Economist” дар бораи “Агроинвестбонк”, Алимардонов ва кумакҳои хориҷӣ

Нашрияи маъруфи “The Economist” навиштааст, ба санади як созмони кумаккунанда даст пайдо карда, ки рабуда шудани садҳо миллион доллари буҷаи давлатии Тоҷикистонро нишон медиҳад.

Ба иттилои нашрияи чопи Бритониё, ин таққалуб монанди қазияи соли 2007-ум аст, ки аз сӯи Сандуқи ҷаҳонии пул ифшо шуд. Нашрия навиштааст, он замон Муродалӣ Алимардонов, раиси вақти Бонки миллии Тоҷикистон захираҳои кишварро 3 баробар аз сатҳи воқеӣ болотар гуфт: “Зоҳиран ин корро ба хотири ниёзманд будани Тоҷикистон ба кумакҳои изофӣ кард”.

“The Economist” мегӯяд, Сандуқи ҷаҳонии пул аз Тоҷикистон хост, 47 миллион долларро баргардонад ва аз ширкати Ernst & Young дархости гузаронидани аудит кард. Бозрасии ин ширкат фиребу бепарвоӣ, мисли сӯзондани китоби қайдҳоро нишон дод. Инчунин ифшо кард, ки бонк дар бораи 550 миллион доллар қарз ба лоиҳаҳои пахта, ки ба Алимардонов рабт доранд, гузориш накардааст. Ин нашрия маъруф дар идома навиштааст, Сандуқи ҷаҳонии пул баъди ин қазия се соли оянда дар ҳаҷми 116 миллион доллар қарз дод: “Аммо, фиребгарӣ давом дошт. Аснод нишон медиҳад, ки баъди он ки Алимардонов муовини нахуствазир дар умури кишоварзӣ таъин шуд, “Агроинвестбонк” ба ширкатҳои хусусии пахтакорӣ, ки хешҳои наздики Алимардонов аз онҳо манфиатдоранд, дар ҳаҷми 120 миллион доллар қарз додааст”.

Ба навиштаи муаллифи ин матлаб, аз соли 2012 қарзҳо дефолт шуданд, “раисиҷумҳур ба вазири молия фармон дод, ки “Агроинвестбонк”-ро аз буҷет дубора сармоягузорӣ кунад. Ба гуфтаи як корманди бонк ҳуҷҷатҳои ин қарзҳо гум шуданд. Эмомалӣ Раҳмон дар номаи худ ба Бонки ҷаҳонӣ ваъда дод, қарздиҳии мустақим қатъ хоҳад шуд. Моҳи апрел Алимардонов раиси “Агроинвестбонк” таъин шуд. Ӯ дучори мушкили аст. Қарзҳои бонк беш аз дороиҳояш дар ҳудуди 100 миллион доллар аст”.

Манбаъ гуфтааст, дар кишваре, ки ниҳодҳои ҳукуматӣ ба фоидаи мардуми оддӣ кам кор мекунанд, бархе Алимардоновро ба ҳайси як хайрхоҳ мешиносанд. Нафаре, ки дар кишоварзӣ ислоҳот кард. Ӯ қарзҳоро ҳимоят мекунад. Мегӯяд, саҳмдорони “Агроинвестбонк” ин қарзҳоро ба “далелҳои патриотӣ” додаанд ва қарздорҳо то соли 2020 хоҳанд пардохт: “Саҳмдорон шак доранд. Бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд, ки чоряки “Агроинвестбонк”-ро соли 2009 харида буд, мегӯяд, қарзҳо бидуни огоҳии онҳо дар шароити муғойир бо таҷрибаҳои бонкдорӣ пардохта шуданд. Аммо, ин донорҳоро наметарсонад. Онҳо дар ҳоли баррасии як дархости дигар аз ҳукумат барои пур кардани “шикофи буҷа” ҳастанд”.


Ба иттилои нашрия, Тоҷикистон ба хотири рукуди иқтисодии Русия куфта шуд. Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки осиёии рушд, ки соли 2009 ҳарду ба Тоҷикистон ҳудуди 140 миллион доллар қарз доданд, имсол ҳам қарор аст, 40 миллион доллар бидиҳанд: “Бонки осиёии рушд гуфтааст, қазияи “Агроинвестбонк” ба тасмими онҳо таъсир нахоҳад гузошт. Ҳукуматҳои ғарбӣ ниёзҳои кӯчаки иҷтимоии зиёдро маблағгузорӣ мекунанд. Барои мисол, Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) соли гузашта барои Тоҷикистон 25 миллион доллар дода буд. Як мудири аршад аз як ширкати қарздиҳии хориҷӣ гуфт, “кори мо бо он андозагирӣ мешавад, ки чӣ қадар пулро аз дар берун мекунем”.
Мӯҳр
Мо ин тахлилхои намудаи Шуморо пештар хам медонистем, вале баъд аз суханони М. Алимардон "ман гунахкорам" боз ба дигар мансаб гузаронида шуд диламон аз хамаашон хунук шуд. Худ казоват кунед, ки ин кадар богу рогхои калон, хонасозихои бохашамат ва фермахои бадвохима аз кадом манбахо сарчашма мегиранд, охир ин шахсон ва монанди онхо долларро кишт кардаанд, ки монанди юнучка дар як сол 5-6 дарав мегиранд. Бинобар ин хои мансабдорон ва вазифадорони ба ном ватандусту миллат дуст, аз ин дуньё ба гайр аз номи неку кори хуб карда хеч чиз ба худ боки намемонед агар дар вакташ ин хоро карда бошед.

1212
агар ин кирдорро Кабири содир менамуд ба мухлати 100 сол бо мусодираи молу мулк суд карда мешуд. офарин ба чунин ватандустори.

Душанбе
ба Кадри Кабири мерасан ки дер мешааа

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)