Чоршанбе, 2 Апрел 2025
Ифтори Рамзан Қодиров ба 1500 гурезаи Сурия
Рамзан Қодиров, раисҷумҳури Чеченистон дар моҳи Рамазон ба гурезаҳои Сурия, ки дар қаламрави Туркия қарор доранд, суфраи рамазонӣ хоҳад орост. Дар ин бора Сивас Айҳан Эргювен Сайфиддин, раиси Маркази дӯстии чечену-туркӣ дар саҳифаи Instagram-и худ хабар додааст.
Ба навиштаи ҷаноби Сайфиддин, давоми як моҳи Рамазон барои ҳазору 500 гурезаи сурӣ дар шаҳри Килиси Туркия, ки бо Сурия ҳаммарз аст, аз ҳисоби Бунёди ба номи Аҳмад Қодиров, қаҳрамони Русия, суфраи рамазонӣ ороста хоҳад шуд: “Суфраи рамазонӣ алакай барои овораҳои сурӣ ороста шуд ва онҳо нахустин ифтори худро онҷо карданд”.
Раиси Маркази дӯстии чечену-туркӣ гуфтааст, дар ин шаҳри Туркия теъдоди зиёди овораҳои Сурия қарор доранд ва аз ин рӯ, раисҷумҳури Чеченистон тасмим гирифт, дар ин моҳи муборак барои онҳо ифторе ташкил кунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |