Дар Душанбе ҷаласаи ниҳоии ситоди ҷумҳуриявии «Ҳаҷ-2011» таҳти раёсати раиси Кумита оид ба корҳои дин Абдураҳим Холиқов баргузор гардид.
Тавре ба «Озодагон» аз ин ниҳоди ҳукуматӣ иттилоъ доданд, зимнан дар нишаст масъалаи омодагӣ ба «Ҳаҷ-2011» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ҷаласа роҳбарияти Кумита, намояндагони дастгоҳи иҷроияи президенти, гурӯҳи кории табибон ва дигар масъулин иштирок доштанд.Муовини раиси Кумита оид ба корҳои дин Ҷ. Ғиёсов роҷеъ ба рафти омодагӣ, аз қабили тартиби ҷомадонҳо, либосҳои махсус ва телфонҳои мобилӣ тавзеҳ дод.Ҳамчунин, дар мавриди ба роҳ мондани корҳои амалии фаҳмондадиҳии зоирин ҷиҳати иҷрои дурусти амалҳои ҳаҷ ва расонидани кӯмак ба пиронсолон табодули назар сурат гирифт.
Ёдовар менамоем, ки эълони парвози тайёраҳо ба самти Ҷидда рӯзи 11 октябр соати 9 - 00 - и субҳ муайян шудааст. Ҳоҷиён бояд 6 соат қабл аз парвоз дар Маркази исломии Тоҷикистон ҳозир шаванд.Мавриди зикр аст, ки имсол гурӯҳҳо нисбат ба соли гузашта 5 нафарӣ кам, яъне дар ҳайати 45 нафарӣ созмон дода шуданд.{jathumbnail off}
Мӯҳр