"Нест бод шиканҷа". Иқдоме бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи қурбониёни шиканҷа (ВИДЕО)
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи қурбониёни шиканҷа дар шаҳри Душанбе иқдоми “Нест бод шиканҷа” баргузор мешавад.
Эътилофи ташкилотҳои ҷамъятии алайҳи шиканҷа дар Тоҷикистон мегӯяд, иқдоми мазкур аз намоишгоҳи аксҳо иборат хоҳад буд, ки дар он саргузашти воқеии қурбониёни шиканҷа инъикос мегардад: “Намоишгоҳи аксҳо ба мардонагиву матонати хешовандони қурбониёне, ки бар асари шиканҷа ва муносибати бераҳмона фавтидаанд, бахшида шудааст. Сарфи назар аз монеаҳову интизориҳои зиёд, онҳо ба адолат бовар доранд ва саъй меварзанд, ки шахсони гунаҳкор ҷазои қонунӣ гиранд”.
Намоишгоҳи аксҳо 26 июн, соати 10:00 дар толори ҷаласоти маркази тиҷоратии “Вефа” оғоз мегардад ва вуруд ба он озод аст.
Рӯзи байналмилалии ҳифзи қурбониёни шиканҷа соли 1997 бо ибтикори Маҷмаи кулли СММ таъсис дода шуд. Мутобиқи Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф, ҳамчунин дигар санадҳои байнулмилалие, ки Тоҷикистон пазируфтааст, шиканҷа дарду азоби ҷисмонӣ ё маънавие мебошад, ки намояндагони мақомоти давлатӣ нисбат ба шаҳрвандон барои ба даст овардани иқроршавӣ раво дидаанд.
ГУЗОРИШ АЗ НАМОИШИ АКСҲО БАХШИДА ДА РӮЗИ ҶАҲОНИИ ЗИДДИ ШИКАНҶА, 26 ИЮНИ СОЛИ 2013
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |