Кумитаи дин аз ҲНИТ хост, суфраи рамазонӣ наорояд
Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон бо ирсоли як нома аз Ҳизби наҳзати исломии кишвар (ҲНИТ) хостааст, ба оростани суфраи рамазонӣ ва баргузории намози таровеҳ дар қароргоҳи марказии худ хотима бахшад.
Ба иттилои торнамои расмии ҲНИТ, масъулини Кумитаи дин оростани суфраи рамазонӣ ё додани ифтор ва баргузории намози таровеҳ дар қароргоҳи ин ҳизб дар шаҳри Душанберо зидди Қонуни ҶТ "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” хондаанд: “Рӯзи 18 июн, нахустин рӯзи моҳи Рамазон дар Тоҷикистон аз Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Тоҷикистон номае ба дафтари ҲНИТ расид, ки дар он бо ишора ба Қонуни ҶТ "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” гуфта мешавад, ки талаботҳои ин қонун аз тарафи ҳизб риоя нашуда, бо оғози моҳи Рамазон дар қароргоҳи ҳизб бо иштироки шумораи зиёди шаҳрвандон намози таровеҳ ва хурдани таом сурат мегирифтааст”.
Масъулини ҲНИТ мегӯянд, ин нома ва талаби Кумитаи дин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар дар паёми рамазонии худ ба анҷоми корҳои хайр даъват кард. Гузашта аз ин анъанаи оростани суфраи рамазонӣ ва баргузории намози таровеҳ дар қароргоҳи марказии ин ҳизб бори аввал нест ва аз замони раёсати Сайид Абдуллоҳ Нурӣ боқӣ мондааст: “Суннати баргузории маҳфилҳои нуронии рамазонӣ аз замони марҳум устоди бузургвор Сайид Абдуллоҳи Нурӣ то имрӯз ба мерос мондааст ва ҳамасола бо кӯмаки саховатмандону накукорон ба садҳо нафар ғизои моддиву маънавӣ дар ин моҳи муборак дода мешуду ба ибораи Президенти кишвар ин амали солеҳ ҷузъи фарҳанги миллиамон гардида буд. Аммо, дар таълимоти дини мубини Ислом барои хайркунанда мушкиле нест, мушкил ба касе ҳаст, ки монеъи кори хайр мешавад. Агар ният хос барои ризои Ӯ таъоло бошад, пас барои хайркунанда савобу аҷру подош низ аз ҷониби Ӯст”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |