Бордюжа: Аз ОДКБ 2-3 ҳазор дар сафи ДИИШ омодагии ҷангӣ мебинад
Николай Бордюжа, дабири кулли Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ ё ОДКБ гуфтааст, аз 2 то 3 ҳазор шаҳрванди кишварҳои узви СПАД дар сафи ҷангҷӯёни “Давлати исломӣ” омодагии ҷангӣ мебинанд. Ӯ ин нуктаро дар суҳбат ба расонаҳо изҳор дошта, гуфтааст, ин 2-3 ҳазор нафар нерӯи хеле бузург аст.
Ба гуфтаи Бордюжа танҳо аз Қирғизистон 400 ва аз Русия 2 ҳазор нафар дар сафи “Давлати исломӣ” меҷанганд. Ӯ далели пайвастан ба ДИИШ-ро мағзшӯии ҷавонон аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва нокифоятии мубориза алайҳи терроризми ҷаҳонӣ хондааст: “Ҳамкории воқеии мубориза алайҳи терроризм тӯли чанд сол аст, ки вуҷуд надорад”.
Дабири кулли СПАД дар мавриди теъдоди ҷангиёни дигар кишварҳои аъзои СПАД оморе ироа накардааст. Қаблан, мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, шумори шаҳрвандони кишвар, ки дар ҷангҳои Сурияву Ироқ меҷанганд, марзи 400 нафарро убур кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |