Пуштибонии президент аз иҷозаи бисёрзанӣ дар манотиқи мусулмоннишини Русия
Рамзан Қодиров, раисҷумҳури Чеченистон аз қонунӣ шудани бисёрзанӣ дар Русия, ба вижа дар ҷумҳурии таҳти раёсати худ ва Ингушистон ҳимоят кардааст.
Қодиров гуфтааст, дар манотиқи мусулмоннишини Русия бояд бисёрзанӣ иҷоза дода шавад, то мардон тавонанд, аз ду то чаҳор зан дошта бошанд. Ба гуфтаи раисҷумҳури Чеченистон ин иқдом метавонад, мушкили маъшуқаҳоро ҳал кунаду мардонро аз “дарди сар” раҳо созад: “Агар мард нафари дигаре дорад, бигзор ин хонум расман ҳамсари дуюм ва сеюми ӯ шавад. Бархеҳо мегӯянд, ин чиз номумкин аст, вале ман ба онҳо савол дорам, ки мардеро мисол оред, ки маъшуқа надошта бошад? Марде нест, ки маъшуқа надошта бошад ва ҳамаи онҳо ба ҳамсарони худ дурӯғ мегӯянд. Вале ман ҳеч вақт наметавонистам, ба ҳамсари худ дурӯғ гӯям”.
Раисҷумҳури Чеченистон таъкид кардааст, ки бисёрзанӣ беҳтар аз маъшуқабозӣ асту метавонад, мушкили демографии Русияро ҳал кунад: “Агар ман зидди бисёрзанӣ баромад кунам, мусулмон нестам. Ман ҷонибдори онам, ки мард бояд чанд зан дошта бошад. Вале ба шарте ки ба онҳо ниёз дошта бошаду адолатро миёни онҳо ҷорӣ карда тавонад”.
Қодиров афзудааст, дар қаламрави Русия 25 миллион мусулмон зиндагӣ дораду барои ҷумҳуриҳои Доғистон, Чеченистон ва Ингушистон бояд ба бисёрзанӣ иҷоза дода шавад. Ӯ таъкид кардааст, ҳар кӣ мусулмононро ваҳшӣ мегӯяд, худ ваҳшӣ аст, чун бисёрзанӣ муносибати дурусту самимӣ ва покиза бо зан аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |