Чоршанбе, 2 Апрел 2025
(АКС) Таъини раисони нави "Сафина", "Ҷумҳурият", "Тоҷиктелерадиоком", "Ховар" ва...

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон аз тағйироти кадрӣ дар раёсати Васоити ахбори оммаи давлатии Тоҷикистон иттилоъ дод.
Ба иттилои манбаъ, Шамсуддинзода Садриддин Зайниддин аз вазифаи директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” озод ва муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудааст. Қаландарбекова Назира Амирбековна, ки то ин вақт директори муассисаи давлатии телевизиони Бадахшон буд, муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид: "Давлатзода Зевар Маҳмудӣ аз вазифаи директори муассисаи давлатии телевизиони кӯдакону наврасон “Баҳористон” озод ва директори муассисаи давлатии телевизиони Сафина таъин карда шуд".
Манбаъ мегӯяд, Амирзода Дилафрӯз Субҳонмуовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон директори муассисаи давлатии телевизиони кӯдакону наврасон “Баҳористон” таъин гардид. Заробиддин Қосимӣ аз вазифаи муовини роҳбари Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” таъин карда шуд: "Раҳмонзода Қурбоналӣ Шариф аз вазифаи мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа озод ва сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷумҳурият” таъин карда шуд".
Инчунин, Ҳикматзода Абдусамад Ҳайдар аз вазифаи муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва муовини директори муассисаи давлатии телевизиони Сафина таъин гардид. Ҳабибов Хуршед Наҷмиддинович директори генералии ҶСК “Телерадиоком”, Ализода Суҳроб Маҳмуд сардори Бозрасии давлатии назорат дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ ва Зиёев Фаррух Давлатович директори радиои Тоҷикистон таъин шудаанд.
Бо сабаби расидан ба синни нафақа Муҳаммад Ғоиб аз вазифаи сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷумҳурият” ва Ализода Абдурашид аз вазифаи директори радиои Тоҷикистон рухсат шуда, Давлатзода Лутфулло Саъдулло аз вазифаи директори муассисаи давлатии телевизиони Сафина озод ва директори муассисаи давлатии театри драммавӣ-академии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ таъин гардидааст.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳур мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кадрҳои навтаъин кори расонаҳои давлатии иттилоотиро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, аз камбудиҳои зиёди ҷойдошта ёдовар шуданд ва барои бартараф намудани нуқсонҳо, амалисозии тадбирҳои муассир, аз ҷумла дар шароити тақвияти фишорҳои номатлуб дар фазои иттилоотии Тоҷикистон дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузоштанд.Аксҳо аз торнамои расмии Президенти Тоҷикистон
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |