Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо Муҳаммад Носири Некбахт
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо Муҳаммад Носири Некбахт, волии вилояти Ҳамадони Эрон, ки бо мақсади шиносоии раванди омодагиҳо ба ҷашни 700-солагии мутафаккири бузург Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба Душанбе ташриф овардааст, мулоқот намуд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон, Шукурҷон Зуҳуров сафари ҳайати расмии Эронро ба Тоҷикистон барои тақвияти муносиботи дӯстонаи ду кишвари ҳамзабон муҳим арзёбӣ намуда, таъкид кардааст, Душанбе аз ташрифи дӯстони ҳамзабони худ самимона истиқбол менамояд. Манбаъ мегӯяд, дар ин мулоқот, ки рӯзи 17 июн доир гардид, Шукурҷон Зуҳуров доштани таърих, забон, фарҳанг ва ойини муштарак байни миллатҳои тоҷику эрониро яке аз омилҳои асосии густариши муносиботи ду кишвар дар ҳамаи заминаҳо арзёбӣ кардааст. Номбурда иброз доштааст, фарҳангу тамаддуни миллати тоҷику эронӣ тайи қарнҳои гузашта тамоми дунёро фаро гирифта буд ва имрӯз низ ин тамаддуну фарҳанг тавассути ворисони нобиғагони ин миллатҳо ба дунёи муосир муаррифӣ мешавад.
Шукурҷон Зуҳуров табодули таҷриба дар соҳаи илму фарҳанг байни аҳли илму адаби ҳарду миллатро омили муҳими таҳкими муносиботи илмиву фарҳангӣ миёни Тоҷикистону Эрон маънидод карда, таъкид доштааст, ки намояндагони илму адаби миллатҳои мо ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим байни якдигар мукотиба ва табодули таҷрибаро ба роҳ монда буданд: “Шаҳри Табрезро Ватан ихтиёр кардани яке аз нобиғагони илму адаби тоҷик, Камоли Хуҷандӣ ва дар шаҳри Кӯлоби Ҷумҳурии Тоҷикистон мадфун шудани Мирсайид Алии Ҳамадонӣ далели ин гуфтаҳо мебошад. Мирсайид Алии Ҳамадонӣ бо вуҷуди сафарҳои пай дар паи тӯлонӣ боз имконият ёфт, ки як силсила асарҳои илмию бадеӣ офарад, ки то имрӯз аҳамияти бузурги таърихиро моликанд. Ӯ ба ворисони худ асарҳои зиёде боқи гузоштааст, ки бештари онҳо аз боби фалсафа, ахлоқ, адабиёт таъриху ҷамъиятшиносӣ, фиқу илоҳиёт баҳс мекунанд”.
Ба иттилои манбаъ, Шукурҷон Зуҳуров иброз доштааст, ки баргузор намудани рӯзҳои фарҳанги вилояти Ҳамадонии Эрон дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистон ва ҳамин тавр доир намудани рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон дар Эрон ба раванди густариши муносиботи ду кишвар заминаи тоза ва устувор эҷод карда, қадами ниҳоят муҳиме дар ривоҷу равнақ ёфтани ин муносибот хаҳад шуд. Ба таъкиди ӯ, барои рушду ривоҷи ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи Тоҷикистону Эрон тамоми асосҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд ва дар ин самт бештар аз 170 санади танзимкунандаи ҳамкориҳои дуҷониба ба имзо расидаанд, ки ҳамкориҳоро дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод, фарҳанг ва ғайра дар бар мегиранд: “Танзимкунандаи асосии фаъолияти иқтисодиву тиҷоратии кишварҳо, асосан, созишномаҳои ниҳоят муҳим ба монанди Мувофиқатнома дар бораи ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузориҳо, Созишнома дар бораи роҳ надодан ба андозбандии дукарата ва пешгирии канораҷӯӣ аз пардохти андоз ва Созишномаи тиҷоратӣ мебошанд, ки дар заминаи Созишномаи тиҷоратии Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон таъсис дода шудааст”.
Номбурда гуфтааст, барои таҳкими ҳамкориҳо байни Душанбе ва Теҳрон дар риштаҳои тиҷорат, саноат, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ ва нафту газ имкониятҳои аз ин ҳам бештар вуҷуд доранд ва пайваста густариш додани онҳо боиси афзун намудани ҳаҷми гардиши савдои хориҷии кишварҳо хоҳад гашт. Манбаъ мегӯяд, Муҳаммад Носири Некбахт, раиси вилояти Ҳамадонии Эрон дар навбати худ нахуст раиси Маҷлиси намояндагон ва тамоми вакилони парлумони Тоҷикистонро ба муносибати интихоб шуданашон ба ҳайси вакили парлумон табрик гуфта, изҳор доштааст, “миллатҳои тоҷику эронӣ ҳамчун асосгузорони илму адаб дар ҷаҳон шинохта шудаанд ва имрӯз осори гаронбаҳои намояндагони ин миллатҳо бинобар сабаби пурмӯҳтавову пурмазмун буданашон ба бисёр забонҳои дунё тарҷума ва нашр шуда, дар миёни халқу миллатҳои гуногун ҳаводорони зиёде доранд”.
Муҳаммад Носири Некбахт таъкид кардааст, ки ҳатто пешрафтҳое, ки дар соҳаи илму техника дар ҷаҳон то имрӯз ба даст омадаанд, аз осори ҳамин ниёгони мо маншаъ мегиранд, аз ин рӯ моро лозим аст, ки осори гаронбаҳои миллати қадимаи худро аз сари нав мавриди омӯзиш қарор дода, барои даст ёфтан ба комёбиву муваффақиятҳои илмиву техникӣ талошҳои муассир намоем: “Вилояти Ҳамадон қадимтарин вилояти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба шумор рафта бо Тоҷикистон муносиботи хуб дар ҳамаи соҳаҳо дорад”.
Ҷаноби Муҳаммад Носири Некбахт гуфтааст, бо таваҷҷӯҳ ба он, ки Ҳамадон аз марказҳои асосии илму адаб буд, имсол ин солро “Соли Ҳамадонӣ” эълон намудаанд ва дар ин шаҳр нобиғагони зиёде мадфун шудаанд. Ба гуфтаи раиси вилояти Ҳамадон, то кунун 1800 асари гаронбаҳо ва бузургтарини таърихи дар ин вилоят мавҷуд аст ва ҳамасола аз кишварҳои зиёди хориҷӣ донишҷӯён ба ин донишгоҳҳои Ҳамадонӣ барои таҳсил меоянд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |