Як сокини шаҳри Ҳуҷанд дар назди бинои «Казкомерсбонк», воқеъ дар кӯчаи Ленин мавриди ғоратгарӣ қарор гифтааст.
Тавре ба «Озодагон» аз ВКД иттилоъ доданд, дар ин бора аризаи Содиқоваи 19 сола, сокини ноҳияи Б. Ғафуров ворид гардидааст. Ба гуфтаи номбаршуда, рӯзи 8-уми октябри соли равон, соати 17:00 дар назди бинои бонки қазоқӣ, шахси номаълум аз гарданаш гарданбанди тиллоӣ, ки арзишаш 2400 сомониро дар бар мегирифт, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зимни гузарониидани чораҳои фаврӣ -ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Фозил Ҳомидови 33 -сола, сокини кӯчаи Бинокор, хонаи 1/6 боздошт гардид.
Ба иттилои манбаъ, дастгиршуда соли 2008 бо моддаи 248 қ.2 кодекси ҷиноии Тоҷикистон суд шуда, дар асоси қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи афв, аз санаи 20-уми августи соли равон ба озодӣ баромада буд.{jathumbnail off}
Мӯҳр