Мулоқоти Аслов бо ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар ҷараёни сафараш ба Амрико бо Лора Так, ноиби президенти Бонки Ҷаҳонӣ оид ба минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ мулоқот кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ин вохурӣ рӯзи 17 июн баргузор шудааст.
Дар вохурӣ ҷонибҳо масоили вобаста ба ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ, аз ҷумла дастгирии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварро баррасӣ кардаанд. Инчунин Аслов ва Лора Так ба аҳамияти ҳамкориҳои минтақавӣ, бахусус лоиҳаи CASA-1000 ва пайгирии стратегияи ҳамкории Бонк таъкид кардаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |