Дарсҳои ибратомӯзи моҳи шарифи Рамазон
Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон!
“Эй онҳое, ки имон овардаед, рӯза бар шумо фарз гардонида шуд, ҳамонгуна ки бар умматони пеш аз шумо фарз гардонида шуда буд, то шумо (аз ин роҳ) тақво намоед” (Бақара,183)
Тибқи ояти мазкур рӯза доштани моҳи шарифи Рамазон бар ҳамаи онҳое, ки аҳли имонанд ва оқилу болиғу саломат ҳастанд, новобаста аз мавқеи иҷтимоӣ ва шуғл фарз мебошад. Тарк карданаш гуноҳи кабира ва инкораш куфр аст.
Мактаби бузурги Рамазон барои мусалмонҳо дарсҳои амалиеро пешбинӣ кардааст, ки бо риояи онҳо инсон метавонад, давоми як моҳ даст ба ислоҳ ва худсозӣ бизанад.
ДАРСИ АХЛОҚ
Пайёмбари акрам (с) фармудааст: “Рӯза танҳо худдорӣ аз хурдану нӯшидан нест, балки он худдорӣ аз лаҳву беҳудагӣ, бадрафторӣ ва носазогӯист. Бинобар ин касе туро (ҳангоми рӯзадорӣ) дашном диҳад ва ё бар ту ғазаб намояд, бигӯ: Ман рӯзадорам!"
Яъне, яке аз дарсҳои муҳими рамазонӣ ин аст, ки шахси рӯзадор бо тамоми ахлоқи некӯ мусалаҳ шавад ва дар баробари ҳар ҷоҳилу беадаб, хушахлоқу фурутан бошад. Бо ахлоқу рафтораш амалан нишон бидиҳад, ки ӯ дар баробари амри Офаридгори хеш бо тамоми ҳасть таслим аст ва одатҳои баду ношоистаи худро тарк кардааст!
ДАРСИ ТАҚВО ВА САЛОМАТӢ
Таҷриба борҳо нишон додааст, ки маҳз бо туфайли ин моҳи пурбаракату раҳмат бисёре аз мусалмонҳо одатҳои бадеро мисли сигор ва носкашию арақнушӣ тарк намуда, ба шахсиятҳои паҳрезгору бо тақвое табдил гаштаанд. Ин амалҳо аз назари шариати муқаддаси Ислом амали зишт ва гуноҳ маҳсуб мешавад ва аз назари тиб низ ба саломатии инсон зараровар аст. Аз ин хотир Расули акрам (с) таъкидан мефармояд: “Рӯза доред, тандуруст мегардед!”
ДАРСИ САБР
Сабр ва фурутанӣ дар баробари мушкилиҳои нафсиву ибодатӣ яке аз дарсҳои муҳими мактаби Рамазон ба ҳисоб меравад. Дар ин моҳ шахси мусалмон бо нахурдану наошомидан амалан сабр мекунад. Ӯ як моҳ бо гуруснагиву ташнагӣ бо нафси хеш аз тариқи сабр мубориза мебарад. Моҳи Рамазон бо тағйири тақвимӣ дар мавсимҳои гуногун, гоҳе дар сардиҳову гоҳе дар гармиҳо меояд ва сабри шахси рӯзадор дар чунин ҳолатҳо имтиҳон мешавад. Худованд (ҷ) мефармояд: “Эй касоне, ки имон овардаед аз сабр ва намоз (дар баробари ҳаводиси сахти зиндагӣ) кӯмак бигиред (ва бидонед), ки Худованд бо собирон аст!” (Бақара, 153)
ДАРСИ РОСТГӮӢ
Имрӯзҳо дуруғгӯӣ монанди вирусе шуда, ки бо суръат инсонҳоро сироят мекунад. Мактаби Рамазон аз рӯзадорон қатъиян талаб мекунад, ки ин одатро тарк бикунанд ва дар муомилаҳову муошират ростгӯю ростқавл бошанд, дар акси сурат рӯзадориашон фоидае надорад. Пайёмбари Худо Муҳаммад (с) мефармояд: “Ҳар нафаре, ки дар моҳи Рамазон аз суханони дурӯғ, амал кардан ба он ва ҷаҳолатро тарк накунад, Аллоҳ ҳеч ниёзе ба тарки хӯрдан ва нӯшидан - рӯзаи ӯ надорад!”
ДАРСИ ХАЙР ВА НЕКӢ
Исломи азиз дар ҳама ҳолат ба ҳайсият ва обрӯмандии шахс дар ҷамъият таваҷуҳи хосае зоҳир менамояд, ки назираш дар ҳеч низоми дигаре вуҷуд надорад. Ин таваҷҷуҳ бештар ба қишри ниёзманди ҷомеа, занону кӯдакони бепарастор ва ашхосе, ки барои таҳияи ниёзҳои авалияи зиндагӣ сарват ва тавоноияшон намерасад, равона шудааст.
Дар моҳи Рамазон ба сарватмандон ва қишри дорои ҷомеа шариат дастури қатъӣ медиҳад, то аз моли худ ҳиссаеро ба шахсони камбизоат ва фақиру мискин бидиҳанд. Дар ин моҳ худи шахсони сарватманд бо гирифтани рӯза ҳангоми гуруснагиву ташнагӣ ҳолати қишри нодорро хуб дарк мекунанд ва мекушанд, то ба мушкилиҳои онҳо расидагӣ кунанд. Кӯмак ва некӣ ба бенавоёну камбизоатон дар ин моҳ тавсиявӣ набуда, балки як ҷузъи муҳими шахси сарватманди рӯзадор аст. Пардохти он ҳамчун садақаи фитр кори ҳатмист. Ибни Абос ривоят, мекунад, ки: “Пайёмбар (с) садақаи фитрро барои пок гардонидани рӯзадор аз беҳудагӣ ва бадсуханӣ ва ҳамчунин барои фароҳам гардиданӣ ғизои (хуроки) муносибе барои ниёзмандон воҷиб гардондааст”.
ДАРСИ ДАЪВАТ
Дар воқеъ, Рамазон барои мусалмонҳо як мактаби бузург ва ислоҳу худсозист. Бо фаро расидани ин моҳи бузург давлатҳои исломӣ ва баъзе кишварҳои мусалмоннишин бо таҳияи барномаҳои гуногун аз тариқи телевизион, родиё, маҷаллаву ҳафтаномаҳо ва ташкили барномаҳои гуногуни фарҳангӣ дарсҳои омӯзандаи ин моҳи шарифро ба мардумашон мерасонанд ва онҳоро бо амалҳои шоиста, сулҳу бародарӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ даъват менамоянд. Ҳатто кишварҳои аврупоӣ ва Амрико низ даст ба барномаҳо ва иқдомҳое барои мусалмонҳо мезананд, ки дар кишварашон аққалиятро ташкил медиҳанд. Ин моҳ фурсати бузургест, то аз ҳама васоил истифода карда, мардуми азизи кишвар, хоса ҷавононро аз Исломи ноб огоҳ намоему аҳкоми шариатро ба онҳо дуруст бифаҳмонем. То ин моҳи ҳамрайъиву бародарӣ миёни онҳо иттиҳоду ваҳдатро ба вуҷуд биоварад.
ХУЛОСА
Мо дар мавриди мактаби бузурги Рамазон қатрае аз баҳрро гуфтем. Умедворем, хонандаи муҳтарам аз сарчашма ва навиштаҳои фаровоне, ки дар бораи ин моҳ вуҷуд дорад, маълумот дарёфт карда, аз ин моҳ барои тарки амалҳои бад, худсозӣ, ҷомеадорӣ, хайру некӣ ва бародарию ҳамдигарфаҳмӣ фаровон истифода хоҳад кард.
Моҳи шарифи Рамазон барои тамоми мардуми мусалмони Тоқикистон муборак бошад. Аз даргоҳи Худованд (ҷ) барои тамоми уммати Ислом сарбаландӣ, тансиҳатӣ ва пешрафту саодатро хоҳонем!
Далер ШАРИФОВ
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |