Вакилон лоиҳаи қонуни таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилиро муҳим хонданд
Вакилони маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, имрӯз, 17-уми июн, лоиҳаи қонун “Дар бораи таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ”-ро қабул карданд.
Олимҷон Сафаров, Абдуҳалим Ғафоров, Хайрулло Асозода ва Гулбаҳор Ашурова аснои муаррифии лоиҳаи мазкур онро барои беҳтар гардидани вазъи экологии кишвар муҳим арзёбӣ карданд. Ин вакилони парлумон гуфтанд, мақсади аслии лоиҳа танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ вобаста ба таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ дар Тоҷикистон мебошад: “Вазифаҳои асосии лоиҳаи мазкур пешгирӣ, коҳиш додан, назорати маҷмӯии ифлосшавии муҳити зист ҳангоми истеҳсол, истифода ва нобудсозии нақлиёти автомобилӣ, инчунин, чораҷӯӣ дар ҳолатҳои пайдошавии партовҳо, пасмондаҳо, дигар таъсироти манфие, ки дар натиҷаи истифодаи комплекси нақлиёти автомобилӣ пайдо мешаванд ва ба муҳити зисту саломатии инсон таъсири манфӣ мерасонад, равона гардидааст".
Вакилони парлумон изҳор доштанд, комплекси воситаҳои нақлиёти автомобилӣ яке аз соҳаи муҳими иқтисодиёти кишвар мебошад, ки эҳтиёҷоти ҷомеа ва аҳолиро ба мусофиркашонӣ, интиқоли бор, таъмиру ногоҳдорӣ, сохтмон ва дигар намуди хизматрасонӣ қонеъ мегардонад: “Дар баробари ин, комплекси мазкур калонтарин соҳаи олудасозандаи муҳити зист ба ҳисоб меравад”.
Шамс Назаров, муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон зимни суханронӣ дар парлумон гуфт, тибқи ин лоиҳа мақомоти дахлдори давлатӣ истифодаи воситаҳои нақлиётро дар сурати мутобиқ набуданашон ба меъёрҳои амалкунанди экологӣ боз хоҳанд дошт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |