Интиқоли пул ба Тоҷикистон аз буҳрони соли 2009 ҳам камтар шудааст
Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки интиқоли маблағ аз Русия ба кишвари мо дар се моҳи аввали соли равон 43,8 % коҳиш ёфта, 364 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст. Ба иттилои манбаъ интиқоли маблағ аз Тоҷикистон ба Русия низ 48,6 дарсад поин рафта, ба 75 миллион доллари амрикоӣ баробар шудааст.
Тавре расонаҳои русӣ аз қавли Бонки миллӣ иттилоъ додаанд, то ин ҳад поин рафтани интиқоли маблағ ҳатто дар буҳрони иқтисодии ҷаҳонии солҳои 2008-2009 ба қайд гирифта нашуда буд: “Дар замони буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ коҳиши интиқоли маблағ 10-15 дарсадро ташкил медод. Рукуди феълии интиқоли маблағ аз Русия аз соли гузашта шурӯъ шуда буд”.
Бонки миллии Тоҷикистон дар охири моҳи феврал далели поин рафтани интиқоли маблағро таъсири таҳримҳои кишварҳои Ғарб алайҳи Русия ва коҳиши қурби рубл дар баробари доллар гуфта буд. Соли 2014 аз Русия ба Тоҷикистон 3,349 миллиард доллар фиристонда шудааст, ки он 36,2 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |