Рамазон -- моҳи имтиҳони савдогарони Тоҷикистон
Атохон ҒАНИЕВ
Рамазон моҳи хайру эҳсон аст ва дар аксари кишварҳои олам, мардуми дорою сарватванд барои додани садақаву хайрот дар ин моҳ мусобиқа мекунанд.
Дар кишварҳое ки аксари аҳолиро мусалмон ташкил медиҳад, мардуми бечораву нодор дар ин моҳ аз имтиёзҳои хос бархӯрдор мегарданд. Ҳар шахси доро, вобаста ба имконияти худ барои мардум дастурхони хайрия мекушояд, фақиронро аз ҷиҳати моддӣ дастгирӣ менамояд. Фурӯшгоҳҳои хурду бузург то 50-70 фисад маҳсулоти ниёзи мардумро барои мардум арзон мекунанд. Як сомонаи сайёҳӣ навиштааст, соҳибони баъзе мағозаҳо дар моҳи Рамазон ба маҳсулоти худ, он қадар фоида мегузоранд, ки барои пардохти ҳаққи иҷораи мағоза ва музди хидмати кормандон кифоя кунад.
Сайёҳон бо таааҷуб мушоҳида кардаанд, ки на танҳо нархи маҳсулоти хӯрокворӣ, балки либосворӣ ва дигар молҳои ниёзи мардум низ дар Рамазон чанд маротиба арзон мешаванд. Шахсоне ки бори нахуст ба кишварҳои мусалмоннишин омадаанд, аз соҳибони мағозаҳо пурсидаанд, сабаби бо қимати ночиз фурӯхтани маҳсулот дар моҳи Рамазон дар чист?
Тоҷирон бо табассум гуфтаанд:
-Танҳо ризои Аллоҳ, боқӣ ҳеч...
Аммо мутааасифона бо фаро расидани моҳи мубораки Рамозон, дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, ки аксари сокинонашон мусалмонанд, мавсими қиматфурӯшӣ оғоз меёбад. Новобаста аз он ки савдогарон кадом навъи маҳсулотро мефурӯшанд, дар даҳони аксар ин чунин ҷумлаҳо ҷорист: “Қасам ба Худо”, “Ба номи Аллоҳ”, “Ин бора қимат гирифтем ”, “Ма шумода нархи худуш дода истам”, “Ягон сӯм фоида нест”...
Дар бораи қасами бемавриду дурӯғи савдогарон ин ҷо муфассал намегӯем ва онро ҳавола ба виҷдони худашон мекунем. Аммо, тааҷубовар ин аст, ки нархи ҳамаи маҳсулот ва хусусан маҳсулоти хӯрокворӣ, маҳз дар моҳи Рамазон, рӯзҳои иди Фитру Азҳо чанд маротиба боло меравад. Агар дар кишварҳои дигар қимати маҳсулотро то 50-70 фисад арзон кунанд, дар Тоҷикистон баръакс, то 100-200 фисад боло мебардоранд.
Дар ҳоле мардуми камбағалу ниёзманд дар ҷомеа хеле зиёд буда, аксар онҳо зимни харидории маҳсулоти гароннарх изҳори норизоӣ мекунанд ва табъи нохуш аз бозор мераванд.
Шояд, савдогарони Тоҷикистон, боре сари ин ҳикмат андеша накардаанд,ки чаро, новобаста аз он ки қариб аксари вақти хешро дар бозору мағозаҳо сарф мекунанд, то манфиат ба даст оранд, даромадашон баракат надорад? Вақти сӯҳбат аз даҳони тоҷирони зиёд мешунавӣ, ки ё аз нафаре қарздор аст ё аз бонк қарзи бо фоиз гирифтааст. Ва боз мушкилиҳои зиёди дигари моддиву маънавӣ...
Аслан ҳадафи тиҷорат фоидаи молӣ аст ва агар тоҷир аз Худо тарсад, ҳалолкору ростгӯ бошад, аз ҳаққи мардум парҳезад, паймонаро дуруст созад, закоти молашро сари вақт пардохт намояд ва соҳиби инсоф бошаду аз ҳаром парҳез намояд, набояд дар ҳолати душвори молиявӣ ва қарз қарор гирад.
Шояд, тоҷирони муҳтарами мо дар ин моҳи Рамазон худро боре имтиҳон намоянд ва бубинанд, ки адлу инсоф ва хайру эҳсон чӣ ҳикмате дорад...
Шояд он гоҳ мушкили эшонро низ Худо осон гардонад!
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |