41 дараҷа гармию 17 соат дарозии рӯзи аввали Рамазон

Сокинони Тоҷикистон имсол нахустин рӯзи моҳи шарифи Рамазонро дар ҳарорати то 41 дараҷа гармӣ рӯза хоҳанд дошт.
Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, фардо 18 июн - нахустин рӯзи моҳи шарифи Рамазон дар кишвар ҳарорати ҳаво дар шаҳри Душанбе аз 38 то 40 дараҷа гарм хоҳад шуд. Ба иттилои манбаъ, гармии ҳаво дар вилояти Суғд рӯзона то 39 дараҷа расида, вилояти Хатлон, сераҳолитарин минтақаи Тоҷикистон то 41 дараҷа гарм мешавад: “Гармии ҳаво дар минтақаҳои ғарбу шарқи вилояти Бадахшон мутаносибан 25-30 ва 11-16 дараҷаро ташкил хоҳад дод”.
Моҳи шарифи Рамазон аз моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамарӣ ба ҳисоб рафта, дар тақвими исломӣ баъд аз моҳи шаъбон ва қабл аз моҳи шаввол меояд. Мусулмонон дар ин моҳ аз дамидани субҳ то фурӯ рафтани офтоб аз нӯшидани обу хурдани ғизо худдорӣ карда, бештар ба ибодат ва қироати Қуръон машғул мешаванд.
Бар асоси қарори Шӯрои уламои Маркази исломӣ, ниҳоди расмии содиркунандаи фатво дар Тоҷикистон имсол моҳи Рамазон дар кишвар рӯзи 18 июн фаро хоҳад расид, ки давомнокии давраи рӯзадорӣ дар як рӯз 17 соатро ташкил медиҳад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |