Эрдуғон ҳукми эъдоми Мурсиро “қатли омми қонун” хонд
Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия эълони ҳукми эъдом алайҳи Муҳаммад Мурсӣ ва мақомҳои баландпояи ҳаракати “Бародарони мусулмон” ё “Ихвонулмуслимин” дар Мисрро “қатли омми қонун” хондааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти раёсатҷумҳури Туркия, Эрдуғон гуфтааст, “ҳукми эъдоме, ки барои Мурсӣ ва раҳбарони “Ихвонулмуслимин” хонда шуд, қатли омми қонун ва ҳуқуқҳои асосӣ дар Миср аст”.
Раисҷумҳури Туркия дар ин изҳороти худ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кардааст, барои лағви ин ҳукм, ки ба гуфтаи ӯ тибқи дастуроти режими инқилобӣ эълон шудааст, талош кунанд.
Аз сӯи дигар, Аҳмад Довуд Уғлу, нахуствазири Туркия низ эълони ҳукми эъдом алайҳи Мурсӣ ва пайравонашро маҳкум карда, онро имтиҳоне барои кишварҳои Ғарб ва ҳомиёни озодию демократия дар Туркия хондааст.
Додгоҳи ҷиноии шаҳри Қоҳира рӯзи 16 июн баъд аз равшан шудани мавқеи муфтии Миср дар робита ба ҳукми эъдоми Муҳаммад Мурсӣ, раисҷумҳури пешин ин кишвар қарори ниҳоии худро эълон кард. Бар асоси ин қарор, раисҷумҳури пешини Миср ва Муҳаммад Бадеъ, раҳбари ҳаракати Бародарони мусулмон тибқи парвандаи “куштори нигаҳбонони зиндон ва фирор аз маҳбас дар соли 2011” айбдор дониста шуда, ба эъдом маҳкум шудаанд. Инчунин ин ду раҳбари аршади ҳаракати “Бародарони мусулмон” рӯзи 16 июни соли равон дар пайи баррасии парвандаи баҳсбарангези “ҷосусӣ” ба ҳукми абад низ маҳкум гардидаанд.
Қаблан Додгоҳи ҷиноии Қоҳира дар пайи баррасии “куштори нигаҳбонони зиндон ва фирор аз маҳбас дар соли 2011” Муҳаммад Мурсӣ ва беш аз 100 ҷонибдорашро ба эъдом маҳкум карда буд. Вале эълони ҳукми ниҳоӣ, ки қарор буд, рӯзи 2 июни соли равон баъд аз машварат бо муфтии Миср эълон шавад, ба рӯзи 16 июн ба таъхир афтод.
Муҳаммад Мурсӣ, ки баъд аз ҳукумати 32-солаи Ҳуснӣ Муборак дар пайи интихоботи мардумӣ ба курсии раёсати ҷумҳури ин кишвар нишаст, аз мақомаш бо дастури артиши ин кишвар барканор шуд. Мақомоти қудратии Миср баъд аз барканории Мурсӣ, ӯро боздошт ва алайҳаш чандин парвандаҳои ҷиноӣ боз карданд, ки худи Мурсӣ ва пайравонаш онҳоро туҳмат медонанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |