Тоҷикстандарт”: Соҳибкори эронӣ мехост маҳсулоти муҳлатгузаштаро дар Рамазон савдо кунад
Маркази “Тоҷикстандарт” дар вилояти Суғд аз боздошти миқдори зиёди ҳалвову хурмо дар арафаи моҳи шарифи Рамазон хабар медиҳад.
Маҳкамбой Каримов - масъули дафтари матбуоти “Тоҷикстандарт” дар вилояти Суғд ба хабаргузории “Озодагон” гуфт, мутахассисони марказ дар ҳамкорӣ бо кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар қаламрави вилоят санҷиши давлатӣ оид ба риояи хизматрасонии савдои чакана ва бехатарии маҳсулотро анҷом доданд. Ба гуфтаи ӯ, натиҷаи санҷиш нишон дода, ки дар амборхонаи ҶДММ “Абад-тиҷорат”, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд наздики 8 000 кг маҳсулоти хӯроквории пастсифат ва муҳлати истеъмолашон гузашта барои фурӯш нигоҳ дошта мешавад. Маблағи умумии ин маҳсулот беш аз 52 000 сомониро ташкил медиҳад: “Аз ҷумлаи маҳсулоти муҳлатгузашта зиёда аз 1 000 адад рулети “Фафа”, қариб 4 000 қуттӣ ҳалвои “Симурғ”, 4 ҳазору 500 кг ҳалвои “Солеҳ”, 3 000 кг хурмо ва боз чанд намуди дигари шириниҳо, ки ҳама истеҳсоли Ҷумҳурии Исломии Эронанд, буданд”.
Оқои Каримов афзуд, мутахассисони маркази онҳо бо иштироки намояндагони ширкат аз маҳсулоти мазкур мутобиқи талаботи қонун сарчин намуда, ба озмоишгоҳи ваколатдори маҳсулоти хӯрока ва хоҷагии қишлоқи “Тоҷикстандарт” дар вилояти Суғд барои ташхис супоридаанд. Мувофиқи маълумоти сардори озмоишгоҳи Марказ -- Равшан Бақоев, натиҷаи ташхис нишон дод, ки аксар маҳсулоти барои ташхис пешниҳодгардида аз рӯйи нишондиҳандаҳо ба талаботи стандартӣ номутобиқанд: “Масалан, хурмои истеҳсоли Эрон аз рӯйи нишондодҳои гузаштани муҳлати истеъмол ва маззаву бӯйи туршӣ ва ҳалво бошад, аз рӯйи номаълум будани санаи истеҳсол, мавҷуд будани бӯйи равғани талх ва ҷудошавии моеи равғанмонанд дар ҳалво ба талаботи стандарт ва регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон номутобиқ дониста шуданд”.
Ҷаноби Каримов дар идома афзуд, махсулоти номбурдаи пастсифат ва муҳлати истеъмолашон гузаштаро соҳибкор, яъне раҳбари ҶДММ “Абад-тиҷорат” -- Маҳмадалӣ Фарзорфар, шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Эрон ва шарикони ӯ мехостаанд, рӯзҳои моҳи шарифи Рамазон аз нав банду баст намуда, ба фурӯш бароранд: “Дар вақти санҷиш муайян карда шуд, ки тарзи нигаҳдории маҳсулот ва шароити санитарӣ-гегиении он ба талабот мутобиқ набуда, маҳсулоти хурмои муҳлати истифодаашон гузаштаи ба ҳам часпидаро соҳибкор бо иштироки якчанд нафар коргарон ба зарфҳои махсус рехта, бо об аз нав шуста, ба қуттиҳои нав ҷойгир намуда, барои фурӯш омода мекард, ки аз ин маҳсулот мазза ва бӯйи туршӣ баръало эҳсос мегардад”.
Ҳамчунин, ин манбаъ афзуд, соҳибкори эронӣ ҳалвои муҳлати истеъмолаш гузаштаро ба қуттиҳои дигар гирифта, аз нав тамғагузорӣ намуда, бидуни нишондоди санаи истеҳсол ва муҳлати истеъмол ба фурӯш баровардааст.
Масъули дафтари матбуотии Маркази “Тоҷикстандарт” дар вилояти Суғд мегӯяд, ин соҳибкор ва шариконаш бо назардошти ин ки дар моҳи Рамазон талабот ба хурмо ва ҳалво зиёд мегардад, “барои ба ба даст овардани даромади бештар талаботҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон”, “Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ” ва регламенти техникии Тоҷикистон “Дар бораи тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ”-ро вайрон намуда, маҳсулоти хӯроквории муҳлати истеъмолаш гузашта, мавод ва маснуоти бесифат ва ба саломатӣ хатарнокро ба фурӯш баровардааст, ки ин ба ягон меъёри инсонӣ на аз рӯйи талаботи қонун ва на аз рӯйи фармудаҳои дини мубини Ислом мувофиқат намекунад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |