Намояндаи собиқи Ватикан дар Тоҷикистон расман ба “бачабозӣ” муттаҳам шуд
Алайҳи Йозеф Веселовский, собиқ архиепископи калисои католикӣ ва намояндаи Ватикан дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ба иттиҳоми фаҳшо ва дастдарозӣ ба ноболиғон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Иттиҳоми “бачабозӣ” алайҳи ин мақомдори баландпояи калисои католикӣ расман рӯзи 15 июни соли равон эълон шудааст.
Йозеф Веселовский, ки баъди намояндагияш дар Осиёи Марказӣ ба ҳайси сафири Попи Рум дар ҷумҳурии Доминикан фаъолият мекард, ба иттилои мақомоти тафтишотӣ ба ивази маблағ ноболиғонро ба корҳои фаҳш ҷалб менамудааст. Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, муфаттишон аз компютери кории Веселовский беш аз 100 ҳазор навор ва расмҳои фаҳшро бо иштироки ноболиғон ёфтаанд. Худи Веселовский моҳи сентябри соли гузашта бо қарори Попи Рум аз ҳамаи унвонҳояш маҳрум гардида, то ҳол дар ҳабси хонагӣ қарор дошт.
Ин нахустин ҳолати ифшои фаҳшкории чунин як мақомдори баландпояи калисои католикӣ мебошад, ки ба иттилои тафтишот ба ӯ 12 соли зиндон таҳдид мекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |