Вазир: Таъсири сарватмандонро тариқи аҳзоб ба сиёсат ҷилавгирӣ мекунем...(НАВШУДА)
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, имрӯз, 17-уми июн бо қабули тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ” назорати даромаду хароҷот ва фаъолияти молии ҳизбҳоро пурзӯр кард.
Рустам Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон, зимни муаррифии лоиҳа гуфт, мақсад аз ин тағйиру иловаҳо таъмини шафофияти фаъолияти молии ҳизбҳои сиёсӣ, дақиқ намудани сармоягузорони ҳизбҳо ва рушди демократикунонии фаъолияти аҳзоб мебошад. Вазири адлия афзуд, тибқи тағйироти нав аҳзоби сиёсии кишвар уҳдадоранд, манбаъҳои даромадашонро нишон диҳанд: “Мо ҳар моҳ рафта фаъолияти молиро намесанҷем, аммо аҳзоб уҳдадоранд, ки ҳар сол ҳисоботашонро то 20-уми март пешниҳод кунанду дар расонаҳо нашр кунанд”.
Дар мавриди назорати маблағҳои аҳзоби сиёсӣ Рустами Шоҳмурод илова кард, агар маблағҳо аз буҷа бошанд, онҳоро Комиссияи марказии интихоботу раъйпурсӣ ва ё Кумитаи андоз назорат мекунад. Ба гуфтаи ӯ дар сурати ҷой доштани маблағгузории ғайриқонунӣ мақомоти прокуратура уҳдадоранд, назорат баранд: “Дар сурати ошкор шудани маблағгузории ғайриқонунӣ аввал огоҳиномаи хаттӣ дода мешавад ва агар идома ёбад, мо метавонем, ба суд муроҷиат кунему қатъи фаъолияти ҳизбро талаб кунем”.
Вазири адлия дар пайи муаррифии лоиҳа дар посух ба суоли “Озодагон” оиди паёмадҳои ин тағйирот гуфт, ҳеч маҳдудияте дар фаъолияти ҳизбҳо ба вуҷуд намеояд. Ӯ афзуд, мақсад аз ин лоиҳа танҳо пешгирии маблағгузории аҳзоб аз сӯйи гуруҳҳои тундгаро, кишвару шахсони алоҳидаи сарватманд, ки ба ҳамин восита мехоҳанд ба сиёсати дохилию хориҷии Тоҷикистон таъсир гузоранд, мебошад.
Ба суоли дигари “Озодагон”, ки оё ин тағйирот бо аҳзоби мухолифи кишвар мувофиқа шудаанд, вазири адлия афзуд,”рӯирост мегӯям, ки суҳбатҳо надоштем, аммо ин масъала дер боз мавриди баррасӣ қарор дораду дар сомонаи вазорат низ нашр шуда буд”.
Бахтовар Сафаров, раиси Фраксияи ҲХДТ дар парлумон гуфт, ин тағйирот фаъолияти ҳизбҳоро маҳдуд намекунад ва ҳадафи он ҷилавгирӣ аз маблағгузории терроризм, фасодкорӣ, мубориза бо пулшӯйӣ ва таъмини шафофияти молӣ дар фаъолияти аҳзоб мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |