Интиқоди намояндаи СММ аз тарҳи қонун Дар бораи созмонҳои ғайридавлатӣ”
Намояндаи аршади Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон аз бархе кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон хостааст, ба озору азияти созмонҳои ғайридавлатӣ ва фаъолони маданӣ хотима бахшанд. Ин нуктаро Зайд Раад ал-Ҳусайн дар ҷаласаи 29-уми Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар Женева изҳор доштааст.
Бино ба иттилои расонаҳои хабарӣ, ӯ бо ишора ба таҳияи лоиҳаҳои қонун “Дар бораи созмонҳои ғайридавлатӣ”-и Тоҷикистон, Озарбойҷон, Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон, ки аз хориҷ маблағ мегиранд, гуфтааст, “қабули ин гуна қонунҳо мунҷар ба маҳдудиятҳо барои демократия мешаванд”.
Зайд Раад ал-Ҳусайн ба вижа аз ҳукумати Русия интиқод карда гуфтааст, “қонуни нави федеролӣ-№129-ФЗ”-и Русия ба ҳукумати ин кишвар иҷоза медиҳад, ки созмонҳои ғайридавлатӣ ва байналмилалиро “нохушоянд” унвон кунанд ва бар асоси таҳдид ба сохтори конститутсионӣ ва амнияти давлатӣ онҳоро бубанданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |