АКС: Заҳролудкунии Душанбе бо технологияи “бобоӣ”-и чинӣ
Корхонаи оҳангудозӣ дар маҳаллаи “Якум Советский” дар баробари чандин чунин корхонаҳо Душанберо заҳролуд мекунад.
Хабарнигори “Озодагон” шоми 16-уми июн шоҳиди он шуд, ки дуди ғализи корхонаи оҳангудозии “Якум Советский”, ки дар 50 метрии маркази тиббии шаҳрӣ қарор дорад, аз дару тиреза ва бомпӯшҳои он берун мешавад. “Аз дуд натанҳо худи корхона балки, деворҳои атрофи он низ сиёҳ шудаанд”,-мегӯяд хабарнигори мо.
Ин дар ҳолест, ки аввали соли равон масъулини Кумитаи ҳифзи муҳити зист ба “Озодагон” изҳор доштанд, корхонаҳои оҳангудозие, ки феълан дар Душанбе фаъолият доранд, дар маҷмӯъ ба талабот ҷавобгӯй мебошанд. Дар баробари ин эътироф карданд, ки дар корхонаҳои оҳангудозию арматурабарории шаҳри Душанбе, ки аксаран ба соҳибкорони чинӣ тааллуқ доранд, “технологияи бобоӣ” истифода мешавад, ки дар худи Чин аз солҳои 80-уми асри гузашта инҷониб мамнӯъ мебошанд. Чин барои ба меъёрҳои экологӣ ҷавобгӯй набудан истифодаи технологияи куҳнаи оҳангудозиро манъ кардааст, аммо соҳибкорони чинӣ истифодаи ин технологияро дар маркази Тоҷикистон роҳандозӣ кардаанд ва шаҳодатномаи Кумитаи ҳифзи муҳити зистро низ дар даст доранд.
Толибҷон Раҳимов, сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти Душанбе дар посух ба суоли “Озодагон” он вақт гуфта буд, бо вуҷуди истифодаи технологияҳои куҳна корхонаҳои оҳангудозӣ пойтахтро аз оҳанпораҳо тоза кардаанд. Ӯ гуфт бо мурури ин замон ин корхонаҳо ба далели камбуди ашёи хом аз фаъолият хоҳанд монд: “Дар маҷмуъ 24 корхонаи оҳангудозӣ дар Душанбе фаъолият доштанд, ки то ҳол 17 ададашон аз кор мондаанд. Баъзе бо қарори масъулини ҳифзи муҳити зист ва баъзе ба далели камбуди ашёи хом фаъолият намекунанд. Аз 7 корхонае, ки боз мондаанд, фаъолияти 4 тояш ба далели риоя нашудани меъёрҳои экологӣ боз дошта шудааст. Ин корхона бо мурури замон худашон аз байн хоҳанд рафт”.
Аммо дар ҳоли ҳозир бисёри ин корхонаҳо, ки дар нуқтаҳои гуногуни Душанбе фаъолият мекунанд, ба ягон меъёр ҷавобгӯй нестанд ва бар хилофи изҳороти Толибҷон Раҳимов ҳолдонҳо мегӯянд, ашёи хом низ барои онҳо бисёртар аз беруни Душанбе ворид мешавад.
Дар мавриди он, ки чӣ гуна Кумитаи ҳифзи муҳити зист ба истифодаи технологияи мамнуъ иҷозат додааст, Ҷалил Халилов, масъули ин Кумита изҳор дошт, ки дар лоиҳаҳои пешниҳодшуда тамоми талаботи экологӣ риоя шудааст ва Кумита бо назардошти ин лоиҳаҳо иҷозати фаъолияти корхонаҳои оҳангудозиро додааст. Ба иттилои коршиносони экологӣ мувофиқи технологияи муосири оҳанпораобкунӣ, пеш аз гудозиш бояд оҳанпораҳо дар ванна ё ҳавзҳои махсус бо воситаи ҳалкунандаҳои органикӣ аз равған ва рангҳо тоза карда шаванд, ки дар ягон корхонаи пойтахт роҳандозӣ нашудаст: “Оҳанпораҳо ба воситаи кафшерҳои барқию газӣ ва атсителенӣ пора мегарданд, ки ин ҳам яке аз сарчашмаҳои муҳими ифлосшавии муҳити зисти пойтахт мебошад. Печҳои индуксионӣ, ки дар корхонаҳо истифода мешаванд манбаи дигари заҳролудшавии ҳавои шаҳр арзёбӣ мегарданд. Ҳадди аққал дар корхонаҳо таҷҳизоти ҳавотозакунӣ ба пуррагӣ насб нашудааст. Таҷхизоти ҳавокашӣ бояд модаҳои заҳролуди даруни корхонаро ҷамъ намуда, таввасути қубурҳои баландиашон 25-30 метрӣ берун партояд, то каме ҳам бошад зараррасонӣ ба муҳити атроф камтар шавад".
Аммо тавре ба мушоҳида мерасад, корхонаҳои оҳангудозии соҳибкорони чинӣ дар Душанбе аз сабаби набудани ҳавотозакунак ва таҷҳизоти ҳавокашӣ дуди ғализ тавассути тирезаю бомҳои шикастагии сехҳои истеҳсолӣ берун баромада, муҳити зистро ифлос мекунад.Аксҳо шоми 16-уми июн гирифта шудаанд:
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |