“The Diplomat”: Фасод дар Тоҷикистон аз хешутаборбозӣ “об мехӯрад”

Пойгоҳи хабарии маъруфи ҷаҳон -- “The Diplomat” дар пайи нашри хабари боздошти Ҳасан Раҷабов, мушовири ёрдамчии президенти Тоҷикистон изҳор доштааст, фасод дар Тоҷикистон аз хешутаборпарастӣ маншаъ мегирад.
“The Diplomat” бо таъкиди ин нукта изҳор доштааст, ки мақомоти Тоҷикистон “хешутаборбозӣ”-ро навъе аз фасод намедонанд ва иқдоми ҷиддие барои мубориза алайҳи ин зуҳурот амалӣ намекунанд. Пойгоҳ таъкид карда, ки масъулини зидди фасод бо хешутаборбозӣ муборизаи ҷиддӣ намебаранд.
“The Diplomat” бо зикри пешсафии Тоҷикистон аз нигоҳи фасодзадагӣ дар раддабандиҳои байналмилалӣ, аз ҷумла гузоришҳои Бонки ҷаҳонӣ афзудааст, фасоди молӣ тақрибан дар ҳамаи сутуҳи кишвар вуҷуд дорад: “Шурӯъ аз пора додани донишҷӯён барои баҳои хуб, барои озод кардан аз маҳбас, пора додани тоҷирон барои гурез аз қонун ва пора додани қочоқчиён барои мақомот ва ғайра...”.
Ин гузориш дар ҳолест, ки расман дар Тоҷикистон тибқи моддаи 9-и қонуни Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бо коррупсия” хизмати якҷоя ё таъини хешовандони наздик ба вазифаҳои давлатие, ки ба ҳамдигар тобеъ ё ҳисоботдиҳанда мебошанд, манъ аст.
Қаблан Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси вақти Оҷонсии мубориза бо фасод аз ифтитоҳи даҳҳо парвандаи ҷиноӣ барои хешутаборбозӣ дар мақомоти давлатӣ хабар дода, дар посух ба суол оид ба вазифаҳои Рустами Эмомалӣ, писари раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид кард, ин дар доираи қонун аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |