Дар Хуҷанд ду тонна биринҷро дар 80 дег ош мекунанд

Баъди бештар аз як соат дар Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” нахустин ҷашнвораи “Оши палов” оғоз мешавад.
Аз хадамоти матбуоти раиси вилоят ба “Озодагон” хабар доданд, ки ин ҷашнвора бахшида ба 18-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор мешавад. Ба иттилои манбаъ, дар ҷашнвораи мазкур ду тонна биринҷ дар 80 дег барои тахмин 10 ҳазор нафар палов карда мешавад. Ин ҷашнвора озмунҳо низ дорад: “Барои иштирокчиёни беҳтарини фестивали “Оши палав” аз рӯи бахшҳои “Оши палави беҳтарин” – 5 000 сомонӣ, “Оши чойхонаи беҳтарин” – 3000 сомонӣ, “Ошпази касбии беҳтарин” – 3 000 сомонӣ, “Ошхури беҳтарин” – 2 000 сомонӣ, “Ошпази беҳтарин байни муйсафедон” – 1000 сомонӣ, “Ошпази беҳтарин байни занҳои калонсол” – 1000 сомонӣ, “Ошпази беҳтарин байни мардон” – 1000 сомонӣ, “Ошпази беҳтарин байни занон” – 1000 сомонӣ, “Ошпази беҳтарин байни домодҳо” – 1000 сомонӣ, “Ошпази беҳтарин байни арӯсон” – 1000 сомонӣ, “Ошпази беҳтарин байни ҷавонписарон” – 1000 сомонӣ, “Ошпази беҳтарин байни ҷавондухтарон” – 1000 сомонӣ мукофотпулиҳо муқаррар гардидааст".
Дар баробари фестивали “Оши палов” маркази вилояти Суғд мизбони ҷашнвораи “Гулҳо” низ хоҳад буд: “Барои иштирокчиёни беҳтарини фестивали “Гулҳо” аз рӯи бахшҳои “Ороиши беҳтарин” - 5 ҳазор сомонӣ, “Гулдастаи беҳтарин” – 3000 сомонӣ, “Ороиши беҳтарин дар мевагӣ” – 2000 сомонӣ, “Гулпарвари беҳтарин” – 2 000 сомонӣ дода мешавад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |