Ҷаҳиши нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон
Нархи як литр маводи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон тайи ду ҳафтаи охир вобаста ба навъи он аз 50 то 60 дирам боло рафтааст.
Имрӯз, 16-уми июн нархи бензини навъи АИ 95 дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Душанбе, ки нархҳои нисбатан арзон пешниҳод мекунанд, 5 сомонию 40 дирам нишон дода шудааст. Ду ҳафтаи қабл нархи ин навъи сӯзишворӣ 4,8 сомонӣ буд.
Бензини навъи АИ 92, ки нисбатан серталаб аст, аз 4,5 сомонии ду ҳафта қабл ба 5,10 сомонӣ расидааст. Нархи сӯзишвории дизелӣ низ 70 дирам боло рафта, то 5 сомонию 40 дирам расидааст. Нархи гази моеъ дар нуқтаҳое, ки нисбатан нархҳои арзон ироа мекунанд, аз 2 сомонӣ то ба 2,5 сомонӣ қимат шуда, дар бархе нуқтаҳо то ба 2,8 сомонӣ расидааст.
Ронандаҳо дар Душанбе таъкид мекунанд, ин нархҳо дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории марбут ба “Газпром” аз 20 то 30 дирам қиматтар мебошанд. Масъулини Тоҷикистон ва ширкатҳои таъминкунандаи сӯзишворӣ то ҳол сабаби болоравии нархи сӯзишвориро шарҳ надодаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |