“Ҷумҳурият” Кабириро дар заминфурӯшӣ айбдор кард
“Ҷумҳурият” -- рӯзномаи расмии ҳукумати Тоҷикистон бо такя ба манобеаш дар мақомот Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро дар заминфурӯшӣ муттаҳам кардааст.
Сомонаи расмии “Ҷумҳурият” бо нашри як матлаб зери унвони “Асрори пушти пардаи тиҷорати Кабирӣ” иттилоъ додааст, ки “ҳангоми таҳқиқи парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба далели хусусигардонии ғайриқонунӣ маълум шуд, ки соли 1999 раиси ҲНИТ сохтмони нотамоми беморхонаи касалиҳои сироятиро, ки барои 500 ҷой пешбинӣ шуда буд, бо 10 гектар замини атрофаш дар деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ, бо маблағи ночиз харидорӣ намуда, тавассути созишномаҳои сохтаи ҳадясозӣ, бо истифода аз дасти дувум ба сифати замини наздиҳавлӣ барои дигарон фурӯхтаанд. Ин амали қаллобона аз ҷониби мақомоти судӣ ошкор ва ашхоси дастдошта ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Ҳама, ба истиснои соҳибмулки асосӣ - Муҳиддин Кабирӣ. Аз рӯи шартномаи хусусигардонии иншооти мазкур, ки 50 дар сади сохтмони он қаблан анҷом ёфта буд, Кабирӣ уҳдадор буд, ки бинои беморхонаро пурра сохта, мавриди истифодаи сокинони шаҳри Душанбе қарор диҳад”.
Нашрияи ҳукумати Тоҷикистон бо такя ба “як манбаи муътамад аз мақомоти зидахли тафтишотӣ” афзудааст, “тақаллубкориҳои сарвари ҲНИТ ҳангоми хусусигардонии иншооти зикргардида, такроран аз ҷониби мақомоти дахлдор таҳқиқ гардида, далелҳои шайъӣ собит шуданд ва дар доираи парвандаи алоҳидаи ҷиноятӣ тибқи қонун баҳогузорӣ хоҳанд шуд”.
Муаллифи матлаб Муҳиддин Кабириро дар он айбдор кардааст, ки замони вакилияш то 250 рӯзи солро дар хориҷ мегузаронду аксари вақт дар хориҷ аз камбудиҳо шикоят мекардааст: “Дар Теҳрону Истанбулу Мисру Қатар аз "бедории исломӣ", таъқибу таҳвину таҳқири ислом, ниёзҳои он ба дастгириву ҳимоя шиор мепартояду дар Вашингтону Мюнхену Парижу Лондон ба он "озодию демократия"-и ғарбӣ арҷ мегузорад, ки имрӯз ними машриқзамин "мазза"-ашро мечашад”.
Ба навиштаи “Ҷумҳурият” маҳз дар натиҷаи сиёсати ғаразомези Кабирӣ ҲНИТ аз ду курсии парлумон низ халос шуд: “Дар сатҳи болоӣ ва ҳайати шӯрои сиёсии ҳизб қисмате аз тақсимот ва ғайримақсаднок истифода шудани кумакҳое, ки аз берун ба номи ҲНИТ ворид мешаванд, эътироз намуданд. Зеро ба ақидаи онҳо, ин маблағҳо тавассути наздикони худи Кабирӣ ба Тоҷикистон интиқол меёбанд ва дар амалӣ кардани лоиҳаҳои тиҷорати инфиродии раиси ҲНИТ истифода мешаванд”.
Нашрия дар ниҳоят инчунин ба дороии собиқ роҳбарони ҲНИТ дахл карда, афзудааст, “аз тарафи дигар, сарвати роҳбарони имрӯзаи ҲНИТ, хонаҳои боҳашамати меросмонда аз пешвоёни собиқи ҳизб, бинои мағозаи «Олами кӯдакон», ки аз тарафи меросхӯрон ба маблағи 2 миллиону 800 ҳазор доллари ИМА фурӯхта шуд, сирри «мубориза» - ҳои дирӯзаю имрӯзаи ҲНИТ-ро кушоданд. Ин ҳама танҳо барои манфиати шахсӣ будаанд, на аз ин бештар”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |