Чоршанбе, 2 Апрел 2025
Ҳуқуқшиноси вазорат қазияи “Гимназияи исломӣ”-ро шарҳ дод

Саидвалӣ Қодиров, ҳуқуқшиноси Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон омили аслии маҳрум шудани ягона гимназияи исломии кишвар аз бинои таълимии худро шарҳ додааст.
Қодиров дар як суҳбати ихтисосӣ бо Агентии иттилоотии миллӣ -- “Ховар” ангезаи сиёсӣ доштан ё фармоишӣ будани ин қазияро рад карда, гуфтааст, ҳалномаи додгоҳ ба нафъи давлат мебошад. Ба гуфтаи ҳуқуқшиноси Вазорати маориф ва илм, биное, ки дар он ягона гимназияи исломӣ дар Тоҷикистон ҷойгир буд, дар гузашта хобгоҳи донишҷӯёни Донишгоҳи омӯзгорӣ ба шумор рафта, гӯиё соли 1998 аз сӯи намояндагии Корпоратсияи “Садр Калифорния инк”-и Амрико дар шаҳри Душанбе ба таври ғайриқонунӣ хусусӣ гардонида шудааст.
Оқои Қодиров афзуда, бо қарори Кумитаи иҷроияи совети депутатҳои меҳнаткашони шаҳри Сталинобод (Душанбе) ҶШС Тоҷикистон, таҳти №471, аз 21-уми ноябри соли 1957 барои сохтмони хобгоҳи донишҷӯён дар кӯчаи Маяковский 0,67 га (ҷойи ҳозираи бинои номбаршуда) қитъаи замин ҷудо гардида, бинои хобгоҳи №8 барои донишҷӯён бунёд ёфта буд: “Хобгоҳ барои зиёда аз 800 нафар пешбинӣ гардида, дар он донишҷӯёни Донишгоҳи омӯзгорӣ истиқомат мекарданд”.
Ӯ дар посух ба суоли “Ховар”, ки бинои хобгоҳ кадом сол, аз тарафи кӣ ва бар ивази чи қадар маблағ хусусӣ гардонида шуд, чунин посух додааст: “Бояд гуфт, ки соли 1996 ғайриқонунӣ пешниҳод барои хусусигардонии бинои хобгоҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ (қаблан Қ.Ҷӯраев) ба Кумитаи давлатии идораи амволи давлатӣ ирсол гаштааст. Дар асоси Протоколи №48 савдои музоядавӣ, аз 18-уми июни соли 1998, намояндагии Корпоратсияи «САДР КАЛИФОРНИЯ инк» (ИМА) дар ҶТ ғолиби тендер дониста шуда, амволи мазкур, яъне хобгоҳро бо арзиши 7 241 920 (ҳафт миллиону дусаду чилу як ҳазору нуҳсаду бист) рубл харидорӣ намудааст. 22-юми июни ҳамон сол миёни намояндагии ин ширкати хориҷӣ ва Биржаи мулку моликияти Тоҷикистон, таҳти №48 шартномаи харидуфурӯш баста шуда, ба харидор шаҳодатнома дар бораи ҳуқуқи моликиятдорӣ супорида шудааст”.
Ховар: Мақомоти судӣ зимни баровардани Ҳалнома, асосан кадом омилҳоро ба инобат гирифт?
Саидвалӣ Қодиров: Тавре дар Ҳалнома зикр шудааст, аз рӯи талаботи моддаи 2 Қонуни ҶТ “Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ дар ҶТ”, №464 аз 16.05.1997 с., хусусигардонии объектҳое, ки фаъолияти иқтисодии шаҳрҳу ноҳияҳоро таъмин мекунанд: иншоотҳои комплекси энергетикӣ, хоҷагии об, роҳхои оҳан ва автомобилгард, шабакаҳои алоқа, иншоотҳои нигаҳдории тандурустӣ ва маориф бо Қарори Ҳукумати ҶТ сурат мегирад. Ғайр аз ин, мувофиқи талаботи замимаи 2 Қарори Ҳукумати ҶТ, №388 аз 28.08.1997 с. «Дар бораи иншоотҳое, ки хусусӣ гардонида намешаванд ва иншоотҳое, ки бо Қарори Ҳукумати ҶТ хусусӣ гардонида мешаванд» иншооти соҳаи маориф бо қарори Ҳукумати ҶТ хусусӣ гардонида мешавад.
Ҷараёни мурофиаи судӣ нишон дод, ки тарафҳои ҷавобгар ягон хел қарори дахлдори Ҳукумати ҶТ-ро оиди хусусӣ намудани бинои хобгоҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, пешниҳод карда натавонистанд.
Ховар: Оё дар вақти хусусигардонии бинои хобгоҳи №8 ба қонуншиканиҳои дигар низ роҳ дода шудааст?
Саидвалӣ Қодиров: Дар Ҳалномаи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе қайд гардидааст, ки ҳангоми фурӯхта шудани бинои хобгоҳ ба ширкати хориҷӣ, дар бойгонии идораҳои масъули давлатӣ ягон санад дар хусуси иштирокчиёни савдо, пардохти маблағи хариди амвол дарёфт нашуд. Як супоришоти пулӣ танҳо вобаста ба пардохти 3 миллион рубл, таҳти №27 аз 06.09.2000 с. боқӣ мондааст. Оид ба пардохти боқимонда 4 241 920 (чор миллиону дусаду чилу як ҳазору нуҳсаду бист) рубл ҳуҷҷатҳои расмии молиявӣ вуҷуд надорад. Ҳамчунин, мурофиаи судӣ як қатор қонуншиканиҳои дигарро дар ҷараёни харидуфурӯши бино ва пардохти маблағ ошкор намуд.
Ховар: Яъне...
Саидвалӣ Қодиров: Ростӣ, ҳамаи он қонуншиканиҳоро номбар кунам, вақти зиёдро мегирад. Танҳо ёдовар мешавам, ки аз рӯи Ҳалнома харидор-намояндагии ширкати хориҷӣ дар хусуси ғайриқонунӣ ба даст овардани амволи давлатӣ, ки бояд бо Қарори Ҳукумати ҶТ хусусӣ гардонида мешуд медонист ва аз ин лиҳоз, бо қарори МИҲД ноҳияи Сино, таҳти №360 аз 19.05.2008 с. бино ва иншоотҳои Донишгоҳро қонунӣ гардонида, дар ин маврид таҳти №418 аз 19.05.2008 с., шаҳодатнома оид ба қонунигардонии молу мулк гирифта, маблағи амволи авфшавандаро 7 311 930 (се миллиону сесаду ёздаҳ ҳазору нуҳсаду сӣ) сомонӣ нишон додааст.
Дар натиҷа, амволи давлатиро, ки ҳамагӣ ба маблағи 7 241 920 рубл ё ин ки 7 ҳазору 240 сомонӣ фурӯхта шуда, ин маблағ низ ба буҷети давлатӣ ворид нагаштааст, шахси дигар ғайриқонунӣ соҳибӣ кардааст.
Ховар: Шумо ба Ҳалномаи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе дар мавриди баррасии аризаи даъвогии Прокуратураи генералии ҶТ оид ба манфиати давлат дар шахсияти Вазорати маориф ва илми ҶТ баргардонидани бинои хобгоҳи №8, чи гуна баҳо медиҳед?
Саидвалӣ Қодиров: Мутобиқи талаботи моддаи 322 КГ ҶТ молик (дар ин баҳси судӣ Вазорати маориф ва илми ҶТ) ҳуқуқ дорад аз тарафи бадастоварандаи ғайриқонунӣ, молу мулкашро талаб карда гирад. Бо назардошти асосҳое, ки дар боло зикр гардиданд, Суди иқтисодии шаҳри Душанбе пурра қонеъ намудани даъворо зарур донист. Ҳамчунин, суд мувофиқи моддаи 109 Кодекси мурофиавии иқтисодии ҶТ масъалаи рӯёнидани боҷи давлатиро муҳокима намуда, зарур шуморид, ки он дар ҳаҷми пурра аз ҳисоби ҷавобгар ба фоидаи буҷети давлат рӯёнида шавад.
Мо аз қарори қабулнамудаи мақомоти судӣ қаноатманд мебошем, зеро барои таъмини донишҷӯён бо хобгоҳҳо мушкилот вуҷуд дорад. Дар ҳоли ҳозир зиёда аз 5 ҳазор донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тољикистон ба номи С.Айнї, аз ҷумла духтароне, ки аз минтақаҳои баландкӯҳ ва гоҳо оилаҳои камбизоат, барои таҳсил ба шаҳри Душанбе меоянд, дар ҳар гӯшаву канори шаҳр бо маблағҳои гарон иҷоранишин мебошанд.
Ховар: Пас овозаҳо дар хусуси он ки қатъи фаъолияти Гимназияи исломӣ гӯё ҷанбаи сиёсӣ ё фармоишӣ дорад, воқеӣ нестанд?
Саидвалӣ Қодиров: Албатта, на танҳо дурусту воқеӣ нестанд. Балки чунин овозаҳои беасос ҷомеаро ба гумроҳӣ мекашанд. Мутаассифона, хабарнигороне, ки албатта, «доди ватанхоҳӣ» мезананд дидаву дониста дурӯғ мегӯянд. Онҳо намепурсанд, ки чи тавр шаҳрванди хориҷӣ хобгоҳи донишҷӯёни тоҷикро хусусӣ кардааст. Пули хариди дурӯғини онро, ки нисбат ба арзиши ин моликият хеле ночиз аст, пурра пардохт накардааст. Ва дар ин муддат зиёда аз яку ним миллион доллари амрикоӣ фоидаи соф ба даст овардааст. Ин гуна хабарнигорон, махсусан муҳаррирон, онҳо боист манфиати Ватанро донанд. Фаҳманд, ки ба донишҷӯён, соҳибмулк баргардонидани ин амвол ба истилоҳи «ягона гимназияи исломӣ» ҳеҷ муносибате надорад.
Биное, ки дар дохили он Гимназияи исломӣ фаъолият менамуд, моҳи июни соли 1998 ба Корхонаи фаръии Корпоратсияи «SADR Ink» ИМА дар ҶТ ғайриқонунӣ фурӯхта шудааст. Бо Ҳалномаи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе, аз 5-уми июни соли ҷорӣ, дар асоси баррасии парвандаи №2-151/15, бинои хобгоҳи №8-и донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ ба давлат баргардонида шуд. Мо тасмим гирифтаем, ки дар ин хобгоҳ баъди таъмир, зиёда аз 800 нафар донишҷӯёни ба манзил эҳтиёҷманд ҷой карда мешаванд.
Ҳамин тавр, қазияи мазкур ягон ҷанбаи сиёсӣ ё фармоишӣ нисбат ба фаъолияти Гимназияи исломӣ надорад. Баҳс танҳо ба далели харидуфурӯши ғайриқонунии амвол-собиқ хобгоҳи №8-и донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ марбут аст, ки ниҳоят мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи ҳалли қонунии худро пайдо кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |