Даргузашти Жанна Фриске, овозхони шинохтаи Русия
Жанна Фриске, хонандаи маъруфи попи Русия дар сини 40-солагӣ даргузаштааст.
Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, хабари марги Фрискеро падараш -- Владимир Фриске таъйид кардааст. Ӯ гуфта, духтараш соатҳои 22:00-и шаби 15 июн даргузашт.
Табибон аввалҳои соли сипаришуда гуфтанд, ки Жанна Фриске ба саратони мағзи сар мубтало шудааст. Барои муолиҷаи ӯ ҳаводорони ҳунараш аз Русия ва кишварҳои хориҷ 66 миллион рубл ҷамъ оварданд. Моҳи январи соли 2014 Жанна Фриске барои кумакҳо ба тамоми мухлисонаш миннатдорӣ баён карда гуфт, маблағи ҷамъшуда аз ҳаҷми табобат бештар аст ва аз ин рӯ онро барои муолиҷаи кӯдакони маризияшон вазнин мефиристад.
Фриске баъди муолиҷаи тӯлонӣ дар Олмону ИМА ба Русия баргашт. Гуфта мешуд, вақтҳои охир саломатии ӯ хуб шудаст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |