Баъди 17 сол: “Одноклассники” модару писари ҷудошуда дар ҷанги Тоҷикистонро якҷо кард
Модару писари яҳудӣ, ки замони ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аз ҳам ҷудо шудаанд, баъди 17 сол дар шабакаи иҷтимоии “Одноклассники” якдигарро пайдо намудаанд. Модар тӯли 17 сол бовар доштааст, ки фарзандаш мурдааст ва писар низ чунин фикр доштааст.
Ин зани яҳудитабор Татяна Пролова аст, ки соли 1995 Тоҷикистонро ба қасди Исроил тарк кардааст ва баъди 17 сол ба дидори фарзандаш-Андрей расидааст. Ӯ мегӯяд, ҳангоми тарки Тоҷикистон шавҳараш нагузоштааст, ки Андрей ҳамроҳи модари худ ба Исроил равад. Андрей он замон 18 сол дошта, дар аскарӣ будааст. Пролова дар суҳбат бо “Israel Hayom” гуфтааст: “Баъди як соли муҳоҷират модари шавҳари аввалам ба ман нома навишт, ки писарам фавтидааст. Ман гиря кардам ва хостам, ки акси қабр ва шаҳодатномаи маргашро ба ман бифиристад, аммо ӯ пофишорӣ мекард, ки дигар наметавонад бо ман дар тамос бошад. Барои рафтан ба Тоҷикистон тавони молӣ надоштам. Солҳои аввал барои ман хеле мушкил буд. Ман ҳар сол дар “рӯзи маргаш” шамъ рӯшан мекардам”.
Татяна Пролова мегӯяд, ду соли қабл аз домодаш компютер туҳфа гирифтааст ва ба шабакаи иҷтимоии русӣ-“Одноклассники” дастрасӣ пайдо намудааст: “Ман дар “Одноклассники” сафҳа кушодам ва дӯстҳои зиёде, ки Тоҷикистонро тарк карданд, пайдо кардам. Ҳамсояи шавҳари собиқам гуфт, ки ӯ фавтидааст, аммо писарам зинда аст”.
Ба ин тартиб, Татяна номи писарашро дар “Одноклассники” ҷустуҷӯ мекунад ва аксашро мебинад. “Акси писарамро дидам. Ба ман бисёр монанд буд. Мо ба навиштан шурӯъ кардем ва баъдан аз тариқи телефон ҳам суҳбат кардем”.
Андрей дар суҳбат бо “Israel Hayom” гуфтааст, “модарбузургам гуфтанд, ки модарат фавтидааст. Ман ҳам тавони сафар ба Исроилро надоштам. Ҳамаи ин солҳо дар сӯги модарам пушти сар шуд. Замоне, ки модарам ба ман менавишт, ман бовар доштам, ки ин як шӯхии бад аст ва ман ҳатто нороҳат ҳам шудам. Танҳо пас аз суҳбат бовар кардам, ки модари ман зинда аст ва ман имкон дорам, ӯро ба оғӯш бикашам”.
Пролова гуфтааст, ки тарк кардани Тоҷикистон барои Андрей осон набудааст. “Вақте ки ҳамсояҳо фаҳмидаанд, ки писарам қасди рафтан ба Исроилро дорад, ӯро озор медоданд. Ҳатто пулиси маҳаллӣ ӯро боздошт мекарданду аз ӯ пул мехостанд. Ман дар хонаи умумӣ зиндагӣ мекардам ва аз дастмузди амнияти иҷтимоӣ зиндагӣ мекунам. Ман ҳатто шиноснома ҳам надорам. Ман танҳо мехостам ӯро дар Исроил бубинам. Ҷое ки бояд ҳамаи яҳудиҳо бошанд”.
Татяна Пролова афзуд, ки бо кӯмаки Анҷумани яҳудиҳо тавонистаанд ҳамаи асноди лозимро дуруст кунанду барои Андрей, ҳамсараш-Людмила ва духтарашон-Лидия чиптаи ҳавопаймо ба Исроилро бигиранд: “Дар назар аст, ки ҳафтаи равон Андрей ба Исроил парвоз кунаду бо модараш дидор кунад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |