Убайдуллоев дар Рамазон захираҳоро ба бозор мебарорад

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе дар ҷаласаи рӯзи 15 июн бо таваҷҷуҳ ба фарорасии моҳи шарифи Рамазон, ба масъулини бозорҳои пойтахт супориш додааст, маҳсулоти хушсифати худро ба савдо гузоранд.
Тибқи иттилои Дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, Убайдуллоев зимни ҷаласа, таваҷҷуҳи масъулини бозорҳоро дар арарфаи моҳи Рамазон дар асоси нақшаҳои қаблан тарҳрезишудаи шаҳрдорӣ оид ба ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ ва пурфайз намудани дастурхони сокинон ҷалб намудааст.
Ба иттилои манбаъ, шаҳрдорӣ хостори пешниҳоди нархҳои алтернативии маҳсулоти ғизоӣ ва ба ин васила мусоидат намудан ба пешгирӣ аз болоравии нарх дар бозори истеъмолии шаҳр шудааст. Маҳмадсаид Убайдуллоев дастур додааст, ҳамарӯза корхонаҳои воҳиди давлатии “Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе”, “Бозори Шоҳмансур”, “Бозори Саховат”, “Бозори Деҳқон” ва “Бозори Қарияи боло”, инчунин дигар бозорҳои хусусӣ аз ҳисоби захираҳои дохилиашон маҳсулоти ниёзи аввалияи хушсифатро ба савдо гузоранд.
Ба иттилои манбаъ, раиси шаҳри Душанбе иброз дошта, ки барои ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандаҳо ва коҳиши нуфузи субъектҳои монополистӣ сохторҳои марбутаи назорати давлатӣ тадбирҳои фаврию мақсаднокро роҳандозӣ намоянд.
Қаблан, Маркази исломии Тоҷикистон эълон кард, аввалин рӯзи моҳи шарифи Рамазон 18 июн оғоз мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |