Бахшҳо
16 июн 2015 08:34Тоҷикистон / Сиёсат

ҲНИТ ба Президент: Сабр ҳам ҳад дорад ва наметавон онро то охир ҳифз кард

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ягона ҳизби динии расмӣ дар Осиёи Марказӣ бо нашри як муроҷиатнома унвонии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, умедвор аст, бо дахолати шахсии президент раванди муносибатҳои мақомоти давлатӣ нисбат ба ҲНИТ аз ҳолати ногувор берун рафта, ба фазои солими ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкорӣ бармегардад.

Дар муроҷиатнома гуфта мешавад, маҳз бенатиҷа мондани шикоят ва дархостҳои ҲНИТ ба ниҳодҳои масъул аз фишорҳо сабаб шуда, то Шӯрои сиёсии ҳизб расман ба Президент муроҷиат кунад: "Муроҷиат ба Шумо як иқдоми истисноист ва маънии онро дорад, ки Шӯрои сиёсии ҲНИТ аз фишорҳо, таҳдидҳо, таҳқирҳо ва қонуншиканиҳои ошкору пинҳони мақомоти давлатӣ алайҳи аъзо ва масъулини ҳизб шадидан нигарон буда, дархости дахолати бевоситаи Шуморо, ҳамчун кафили ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, созмонҳо ва иттиҳодияҳо, аз ҷумла ҳизбҳои сиёсӣ, зарурӣ мешуморад".

Шакли комили ин муроҷиатнома, ки дар торнамои ҲНИТ -- “Наҳзат” чоп шудааст, чунин аст:

"Муҳтарам Президенти ҶТ!
Шӯрои сиёсии ҲНИТ дар ҷаласаи худ аз 15.06.2015 пас аз баррасии вазъи кунунии кишвар ва бенатиҷа мондани шикоят ва дархостҳои ҲНИТ ба ниҳодҳои масъул, тасмим гирифт, ки бевосита ба Шумо муроҷиат намояд. Муроҷиат ба Шумо як иқдоми истисноист ва маънии онро дорад, ки Шӯрои сиёсии ҲНИТ аз фишорҳо, таҳдидҳо, таҳқирҳо ва қонуншиканиҳои ошкору пинҳони мақомоти давлатӣ алайҳи аъзо ва масъулини ҳизб шадидан нигарон буда, дархости дахолати бевоситаи Шуморо, ҳамчун кафили ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, созмонҳо ва иттиҳодияҳо, аз ҷумла ҳизбҳои сиёсӣ, зарурӣ мешуморад. Агарчи ин фишорҳо ва қонуншиканиҳо ҳанӯз соли 2012 оғоз гашта буданд, пас аз интихоботи парлумонии соли 2015 ба авҷи аълои худ расида, характери систематикӣ ва ҳадафмандонаро гирифтаанд. Чун санадҳову далелҳои зиёде дар бораи қонуншиканӣ ва ҳуқуқпоймолкунии мақомоти давлатӣ алайҳи аъзо ва масъулини ҲНИТ дар ихтиёри ниҳодҳои марбут гузошта шудаанд ва дар матбуоти даврӣ низ онҳо нашр гаштаанд, такроран овардани онҳоро зарур намешуморем. Фишорҳо ва қонуншиканиҳо алайҳи ҳизб то ҳадде ошкоранд, ки дигар аз чашми мардум ва коршиносони дохиливу хориҷӣ пинҳон намондааст ва таҳлилҳоеро ба вуҷуд овардааст, ки барои мақомоти давлатӣ волоият ва эҳтироми қонунҳо арзише надорад. Ин ҳама таҳқирҳо, фишорҳо, парвандасозиҳои сохта алайҳи масъулин ва аъзои ҳизб, кашида гирифтану тахриби моликияти ҳизбӣ ва шахсии аъзову масъулин, ба хотири эчоди фазои тарсу ҳарос ва ноумедӣ байни аъзо, инчунин заъифу фалаҷ сохтани сохторҳои ҳизбӣ мебошад. Ҷои нигаронӣ он аст, ки то ба ҳол ягон мақоми расмии давлатӣ барои гирифтани пеши роҳи ин ҳама қонуншиканиҳо иқдоме накардааст, ҳол он ки дар як кишвари демократӣ ва ҳуқуқбунёд вазифаи аслии ниҳодҳои давлатӣ риояи қонун, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон мебошад.

Ҷаноби Президент!
Салоҳияту ваколатҳои васеъи конститутсионии Шумо ҳамчун роҳбари давлат ва ҳамзамон роҳбари бевоситаи мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии кишвар, ки ин ҳама фишору таҳдидҳоро амалӣ менамоянд, инчунин кафили ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон, новобаста аз ақидаву ҷаҳонбиниашон, тақозо мекунад, ки дар ин масъала низ эҳсоси масъулият бинамоед. Зеро хомӯшӣ ва бетаваҷҷуҳии Шумо нисбати ин масъала ва чандин масоили дигари марбут ба поймолкунии ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва ҳизбҳои сиёсӣ, боиси беш аз ин васеътар гаштани амалҳои ғайриқонунии масъулини давлатӣ гашта истодааст.

Чун мо дар арафаи ҷашни солгарди рӯзи Ваҳдати миллӣ қарор дорем, бо истифода аз ин фурсат, Шуморо ҳамчун Президенти кишвар ва ҳамчун нафаре, ки зери Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ҳамроҳ бо роҳбари ИНОТ марҳум устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ имзои худро гузоштаед, бо ин ҷашни тақдирсоз табрик мегуем. Созишномае, ки миллатро аз парокандагӣ наҷот дод, сулҳу бародарӣ ва якдигарфаҳмиро ба мардум баргардонид, пояҳои суботу истиқрор ва рушди иқтисодиву сиёсиро устувор кард. Муҳимтар аз ҳама, пеши ҷанги шаҳрвандии бародаркушро гирифт. Ҷанге, ки ба ибораи худи Шумо, ''як ҷанги таҳмилӣ аз тарафи бегонагон буд, ки бетаҷрибагӣ, якдигарнофаҳмӣ ва зудбоварии миллати тоҷикро истифода намуданд ва моро зиди якдигар шӯронданд''. Мо бар ин умед ҳастем, ки ҳоло ҳам шинохти Шумо аз табиати ин ҷанг ва сулҳ тағйир накардааст. Агарчи аз рафтору муносибати бархе аз мақомоти давлатӣ бармеояд, ки нигоҳи бисёре аз масъулин ва баҳодиҳии онҳо ба сабабҳои оғози ҷанг ва омилҳои таъсиррасон ба сулҳ ва тарафҳои он комилан дигар гаштааст. Илова бар ин, алҳол мо шоҳиди раванди ошкори шикастан ва поймол кардани талабот ва меъёрҳои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ва Санади ҳамдигарбахшӣ мебошем. Бояд хотиррасон кард, ки ҷавҳари аслии ҳамаи ин протоколҳо ва санадҳои имзошуда байни Шумо ва марҳум устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, роҳбари ИНОТ бахшидани гуноҳҳои якдигар, эҷоди рӯҳияи эътимод ва ҳамзистӣ, эҳтиром ва таҳаммули ақида, андеша ва арзишҳои тамоми қишрҳои ҷомеаи кишвар дар чорчуби қонунҳои амалкунанда буданд. Тарафҳои имзокунанда аҳди ҷавонмардӣ ва бародарӣ бастанд, ки дигар дар ин кишвар ягон нафар барои динаш, ҷаҳонбиниву ақидааш, ҳизбу созмонаш ва минтақаву миллаташ мавриди таъқибу таҳқир қарор намегирад, агар амалаш мухолафат ба қонун надошта бошад. Тарафҳо қасам хурданд ва дар шоҳидии кишварҳои кафили сулҳ, созмонҳои байналмилалӣ ва миллати тоҷик аҳд карданд, ки ғазабиХудо ва лаънати халқ бар касоне бод, ки он солҳоро барои таҳқир ва сиёҳ кардани якдигар ёддоварӣ мекунанд ва онҳо маҳкум ба ҷазоянд.Мо тавофуқ кардем, ки Тоҷикистонро ба як кишвари озоду демократӣ ва пешрафта табдил бидиҳем, ки ҳама шаҳрвандон дар он ҳуқуқи баробар дошта бошанд, имконоти давлату миллат барои ҳама фарзандони миллат баробар тақсим шавад ва ҳукумату идораҳои давлатӣ на дар хидмати як ҳизб, гуруҳ ё шахс бошад, балки барои ҳамагон баробар хидмат кунанд.

ҲНИТ ва ҳама ҳизбу созмонҳои узви ИНОТ аз рӯзи аввали имзои Созишнома то имрӯз ҳама ҷаҳду талоши худро баҳри пойдорӣ ва устувории ваҳдату оштии миллӣ сарф кардаанд ва борҳо садоқати худро назди аҳду паймон исбот намудаанд. ҲНИТ агарчи аз аввал худро ҳамчун як ҳизби оппозитсионӣ муаррифӣ карда буд, вале ба хотири ҳифзи суботу амният ва якпорчагӣ ҳамеша аз сиёсати сабру таҳаммул истифода ва аз мавқеъгириҳои тунди сиёсӣ худдорӣ намудааст. Ҳатто ингуна мавқеъгирии ҲНИТ борҳо аз тарафи доираҳои таҳлилӣ ва сиёсӣ мавриди танқид қарор гирифт, ки дар баробари камбудиҳо ва амалҳои манфии ҳукумат рафтори аз ҳад зиёд созишкоронаро гирифтааст ва масъулияти худро ҳамчун як ҳизби оппозистсионӣ дуруст анҷом намедиҳад. ҲНИТ сиёсати сабру таҳаммулро танҳо ба хотири ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ пеш гирифта буд ва ҳоло ҳам, бо вуҷуди ноумедиҳои зиёд онро идома хоҳад дод. Аммо сулҳу ваҳдати миллӣ наметавонад танҳо аз ҳисоби сабру таҳаммули як тарафи он устувор ва давомнок бошад. Масъулияти ҳифзи сулҳ ва рӯҳияи ваҳдати миллӣ масъулияти ҳамагон, пеш аз ҳама ҳукумат ва роҳбарияти он мебошад. Ҷои таассуф аст, ки ба ҷои тақвияти рӯҳияи ваҳдат ва эҷоди фазои боварӣ байни ҳама қишрҳои ҷомеа, бархе аз мақомоти давлатӣ худ табдил ба омили ваҳдатшикан ва бесуботӣ гаштаанд.

Ҷаноби Президент!
Аъзо ва ҷонибдорони ҲНИТ ҳамасола рӯзи Ваҳдати миллиро дар якҷоягӣ бо мардуми шарифи тоҷик ҷашн мегиранд ва онро муҳимтарин ҷашни миллӣ медонанд. Вале имсол ҳамаи аъзо ва тарафдорони мо дар арафаи ин ҷашн мавриди таҳқир ва таъқибу фишори мақомоти давлатӣ қарор гирифтаанд ва ҷои рӯҳияи идонаро ғаму андӯҳ ва яъсу ноумедӣ фаро гирифтааст. Ҳамин шабу рӯзҳои наздик ба ҷашни Ваҳдати миллӣ садҳо нафар аъзои ҲНИТ ва ғайриаъзо зери фишори мақомоти давлатӣ аризаҳои маҷбурии хориҷ шудан аз ҳизбро менависанд. Мақомоти давлатӣ барои пешниҳоди гузориш ва пур кардани омори бардурӯғ, ки давоми моҳ чанд аъзои ҲНИТ-ро хориҷ намудаанд, фишору таҳдидро дар арафаи ид ба маротиб бештар кардаанд. Мехоҳанд, ки бо ин амал исбот кунанд, ки дигар касе ва чизе пеши роҳи онҳоро гирифта наметавонад, на Созишномаи сулҳ, на ҷашни дар пеш истода ва на қонуну ҳомиёни он. Вале яқинан ин амал таҳқири миллат, Сарқонун ва таҳқири Созишомаи сулҳу ҷашни Ваҳдати миллӣ мебошад. Инчунин таҳқири имзо ва аҳду паймони Шумо дар назди таърих ва наслҳои имрӯз ва фардои миллат мебошад.

Ҷаноби Президент!
ҲНИТ ҳамчун як нерӯи сиёсии бархоста аз ормон ва хостаҳои фарзандони ин миллат, дар баробари ҳама ҳизбу ҳаракатҳои қонунӣ ва созандаи кишвар хоҳони ҳамкорӣ ва ҳамзистӣ байни ҳама қишрҳои ҷомеа, муносибати нек бо ҳукумат ва сохторҳои давлатӣ буд ва мемонад. Роҳбарияти ҳизб борҳо талош кард, ки дар муносибатҳо байни мақомоти давлатӣ ва ҳизб рахна ворид нагардад, вале он талошҳо ҳама ноком монданд. Баръакс ин талошҳо ва иқдомҳои мусолаҳатомезро баъзеҳо нишонаи заъфу нотавонӣ дониста, фишорҳоро болои ҳизб бештар карданд ва маъракаи душмантароширо аз ҳизб тақвият бахшиданд. Ин раванд рӯз ба рӯз қавитар шуда истодааст. Миллатро ба дӯсту душман, худиву бегона тақсим карда истодаанд. Шумо борҳо таъкид кардед, ки моро бегонагон ҷанг андохтанд ва аз мо бар зидди якдигар душман тарошиданд. Суол ба вуҷуд меояд, ки имрӯз кадом нерӯи хориҷӣ ва аз тариқи кадом шахсиятҳо ва гурӯҳҳо аз ҲНИТ ва аъзову ҷонибдоронаш душман метарошанд? Ин раванд дар ихтиёри кист ва ин ҳама расонаву идораи саҳмдори ин маъракаро кадом доираи хориҷӣ мудирият дорад? Оё вақти он нарасидааст, ки пеши роҳи сиёсати душмантарошӣ аз ҲНИТ ва дигар шахсиятҳову нерӯҳои миллии кишвар гирифта шавад? Оё нерӯҳо ва шахсиятҳои мухолиф ба раванди ваҳдат ва мусолаҳаи миллӣ дар дохили кишвар ва дохили мақомот нестанд? Оё вақти он нарасидааст, ки сарчашмаҳои рушди экстремизму терроризмро на дар ҲНИТ, рӯҳоният ва масоҷид, балки дар идора ва мақомоти давлатӣ, аз ҷумла, ниҳодҳои қудратӣ ва сиёсатҳои иштибоҳии онҳо ҷустуҷӯ кард? Оё бояд мунтазир шуд, ки чандин афсару масъули дигари ин мақомот ба гурӯҳҳои ифротӣ бипайванданд? Чигуна метавон ба сиёсатҳои мақомоти давлатӣ эътимод кард, ки ин ҳама вақт экстремисту террористи эҳтимолиро дар байни аъзо ва тарафдорони ҲНИТ ва рӯҳониён ҷустуҷӯ мекарданд ва акнун маълум гашт, ки маҳз иқдомоти ғайриқонунӣ ва ғаразноки бархе аз онҳо боиси пайвастани афсарони воломақомашон ба гурӯҳҳои ифротӣ гаштааст?Оё мақомоти давлатӣ дарк мекунанд, ки рӯз ба рӯз рӯҳияи ифротгароӣ байни ҷавонон бештар гашта истодааст ва омили аслии он на дар фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои сиёсии кишвар ва ё рӯҳоният, балки дар мушкилоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангӣ ва бархурди номуносиби мақомот нисбат ба ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон мебошад? Магар теъдоде аз пайвастагон ба ин созмонҳо тарбиятгирифтагони мактабҳои тобеъи низоми таълимии кишвар ва ё фарзандони кормандони имрӯза ё собиқ мақомоти давлатӣ ё хонаводаҳои дунявӣ нестанд?

Ҷаноби Президент!
Ингуна саволҳоро метавон даҳҳо ва садҳо матраҳ кард. Вале саволи асосӣ ин аст, ки бояд чӣ кор шавад, то мақомоти давлатӣ бифаҳманд, ки доранд иштибоҳи бузурге пеши миллат ва кишвар мекунанд? Роҳбарияти давлат бояд дарк кунад, ки хиёнати ошкор ба ормонҳои миллӣ ва аҳду паймони 18 сол пеш имзошуда сурат мегирад. Инро дигар ҳама мебинанд ва шоҳид ҳастанд, оё роҳбарияти давлат инро мебинад ва дарк мекунад,ё не?
Агар то имрӯз дарк нашуд ё маълумотҳои барғалат медоданд, ҳоло Шӯрои сиёсии ҲНИТ бо ин нома холисона вазъиятро бароятон аз нигоҳи як қишри ҷомеа мехоҳад бирасонад. Дар сурате ки вазъияти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва амниятӣ дар кишвар ва минтақа рӯз ба рӯз бадтар мешавад, сафи пайвастшавандагон ба созмонҳои ифротӣ аз ҳисоби ҷавонони тоҷик ва ҳатто кормандони мақомоти давлатӣ меафзояд, бозӣ кардан бо эҳсосоти мардум кори ба андешаи мо ниҳоят ғалат мебошад. Услуби бархурде, ки мақомот имрӯз анҷом медиҳанд, ин барангехтани эҳсосоти мардум ва ба фитна кашонидани ҷомеа мебошад.

Пӯшида нест, ки талоши баъзе мақомот барои бо роҳи фишор ва эҷоди монеаҳои сунъӣ барои заъиф намудани яке аз ҳизбҳои қонунӣ натанҳо қонуншикании ошкор аст, балки боиси халалдор шудани субот гашта, метавонад таъсири бисёр бад ба давлат ва миллат расонад. Махсусан замоне, ки дастоварди қонеъкунандае барои миллат вуҷуд надорад, доман задан ба мушкилиҳои нав ба нав, поймолсозии ҳуқуқҳои мардум ва сиёсати ноҷо нисбат ба диндорон ва арзишҳои динӣ Тоҷикистонро ба ботлоқи бетаги бӯҳроне ворид мекунад, ки дигар касе тавони наҷот додани онро нахоҳад дошт. Фирефтаи ваъдаҳои болохонадори касе набояд шуд ва мағрур шудан ба нерӯву қудрат ҳам дар замони муосир чандон муассир нестанд. Таҷриба нишон медиҳад, ки кишварҳое дар замони муосир буданд, ки аз лиҳози қувваву қудрат хеле нерӯманд буданд, вале дар муқобили тавтеаи душманонашон коре карда натавонистанд. Ҳанӯз ки фурсат дар ихтиёр ҳаст, бояд дунболи миллатсозӣ ва ташаккули давлати миллӣ бигардем.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки шояд яке аз ҳадафҳои аслии ин амалҳо ба фитна кашонидани ҳизби мо ва қишри рӯҳоният бошад, ки бори дигар гуноҳро бар дӯши дин ва диндорон бор кунанд. Аммо миллат худ шоҳид аст, ки ҲНИТ ва дигар рӯҳониён бо вуҷуди ин ҳама таҳқиру фишор чӣ қадар сабр карданд ва боз ҳам сабр хоҳанд кард. Ин ҳама ба хотири миллат ва давлат, ки мабодо гурӯҳе ба хотири ҳифзи мансаб аз нав кишварро ба ҷанг кашиданӣ набошад. Ва ҳеҷ кас дигар наметавонад бигӯяд, ки ҲНИТ сабаби эҷоди нобасомонӣ ё ташаннуҷи вазъ дар кишвар гаштааст. Миллат худ шоҳид аст, ки кадом сохторҳо ва кадом гурӯҳҳо кишвару миллатро ба нобасомонӣ мекашонанд.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки ҲНИТ ҳамчунон пойбанд ба аҳду паймони хеш назди миллат боқӣ мондааст ва инро дар душвортарин лаҳзаҳо борҳо исбот кардааст. Дар оянда ҳам, сиёсати худро тағйир надода, манофеъи миллӣ ва давлатиро ҳамеша дар авлавият қарор хоҳад дод. Ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, ба хусус аъзои ҳизб, пешгирӣ аз фишорҳо ва қонуншиканиҳо алайҳи ҳизб яке аз вазифаҳои асосӣ ва калидии ҲНИТ ба шумор меравад, ки рӯи саҳифа омадани ин нома ҳам ба хотири ҳамин масъулият аст.

Ногуфта намонад, ки сабр ҳам ҳад дорад ва наметавон онро то охир ҳифз кард. Ба хусус вақте ки таҳқиру фишор ва таҳдидҳо ҳамагуна марзи инсониву ахлоқӣ ва қонуниро мегузарад. Яқинан, масъулияти ин ҳама вазъи номатлуб бар души Ҳукумат, пеш аз ҳама Ҷаноби Шумо, ҳамчун роҳбари он хоҳад афтод. Бояд такя ба миллат ва арзишҳои воқеъии миллӣ кард, ҳамаи миллатро дӯст шуморид ва бегонапарастиро аз сиёсатҳои давлатӣ дур кард.

Мӯҳтарам Президент!
Шӯрои сиёсии ҲНИТ умедвор аст, ки ин сатрҳо аз тарафи Шумо холисона пазируфта мешаванд ва бо дахолати шахсии Шумо раванди муносибатҳои мақомоти давлатӣ нисбат ба ҲНИТ аз ин ҳолати ногувор берун рафта, ба фазои солими ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкорӣ бармегардад. Раванди сохтани давлати миллӣ бисёр тӯлонӣ ва душвор мебошад, ки эҳтимоли сар задани камбудиҳо ва сӯитафоҳумҳо чӣ аз тарафи мақомоти давлатӣ ва чӣ субъектони дигари ҷомеа, мисли ҳизбу ҳаракатҳо ҷой дорад. Ин мушкилиҳо ва камбудиҳоро танҳо дар чорчӯби қонун, муколамаи созанда ва ҳамдигарфаҳмӣ метавон ҳаллу фасл намуд. ҲНИТ аз тарафи худ омода аст, ки тамоми иқдомҳои лозимро дар чорчӯби қонун ва манфиатҳои миллату давлат биандешад, то миллати мо ҳамеша дар ҳолати суботу оромиши комил қарор дошта бошад.

Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон
ш. Душанбе 15. 06. 2015"
Мӯҳр
Хакикатбек
Нахзатихои содда. Даххо хамин хел мурочиатнома навишта будед, ягон натича надод. Дар сиесат дилу гурда ва дониш доштан лозим аст, то ракибонатон шуморо хурмат не, аккалан писанд кунанд. Шуморо бо роликхои секс масхара карданд, раисатонро тухмшап карданд, занхои шаттохи беобруро ба мачлисхгохатон фиристоданд, аз дастатон чизе наомад хукуки худро дифоъ кунед. Барои хамин ба шумо маслихат: ХНИТро баста пароканда шаведу хулро шармсор накугед. Аз гунчишки тарси, арзан макор.

DIPLOMAT
МАН БА ЯК ЧИЗИ НОЗУК ХАЙРОНАМ САБР НАКАРДА БОЗ ЧИ КОР МЕКАРДЕД? ЧИ ЯГОН СЦЕНАРИЯИ ДИГАР ХАМ ДОРЕД? ЯК МАСЛИХАТИ СИРФ ТОЧИКИ ИН ХУКУМАТИ СОЛИ 1991-92 НЕСТ ХАМИНХО БО АВТОМАТУ ЯРОКХОИ ХУДСОХТ ЯКБОР РУБАРУИ ШУМО ГАРДИДА БУД ИМРУЗ ИНХО ХУКУМАТ, ЯРОКХОИ НАВ БА НАВ, АВИАЦИЯ ВА АСОСАШ ПУЛ ДОРАНД. БИЁЕД ХАЛКРО ШАРМАНДА НАКУНЕД ИЛТИМОС, КИ БАЪДИ ЯК ТИР САДО ДОДАН ШУМО КУЧО ГУРЕХТАНАТОНА ХУКУМАТ МЕДОНАД. (илтимос озодагон ба хотири вахдати милли чоп намоед)

Бале
Шумо нахзатихо худро фиреб карда гаштен хамаша нагз медонен бофармони ки шуда истодааст хамаи корои зиди нахзат бо мактуб кору бор чооо мекнен аъзоотона фиребдода метарси дифоъ када наметони хизбта банд.

точик
бародархо, хохиш бас кунед. Ин чи гап як бор азобу машакатро дидем бас будагист. Мардуми бесаводро ёфтед дигар ба манфиати худатон хамчун олот истифода мебаред. Худованд тавфик дихад ва чомеаи Точикистонро хушёрии сиёси!

Аввало дуогуй хастем, ки Худованд хамаи мардими мо (Точикистон)ро дар панохи исматаш нигох бидорад! Баъдан инро гуфтаниям, ки хеле мурочиати хирадмандона ва бамавридро (бо назардошти авзои имрузаи дохил, Чахон, бахусус давлати хамсоя) пешниход намудааст ХНИТ. Эй хокимону масъулон ва мардуми Шарифи Точикистон як ба гузаштаву хозираву оянда бо назари хирад нигаред, мебинед, ки дар кадом холату мавкеъ карор доштем, дорем ва хохем ёфт (Точикистон ва мардуми азизи он). Дар гуши фил хоб рафтанро бас кунеду зиракии сиёсиро аз даст надихед, ки баъд дер мешавад!. Бузургон гуфтаанд:

Душманат гар пашша бошад, камтар аз филаш мадон,
Ин насихат аз манасту зинхор андеша кун.
Пашша аз шабзиндадори хуни мардум мехурад,
Зинхор аз мардуми шабзиндадор андеша кун.

ё худ гуфтаанд: Гушна бо Шер чангидаст.
Душманони миллату давлати мо хеле зиёданд, содалавхиро бас кунеду аз ояндаи миллату давлат биандешед.

ozosikhoh
HINT muvafaq khohad shud 1 solne 1sol ammo shumoooo dushmanoni ozodi pushaymon khohedshud KOmunistho 70 sol hukumat kardand kamonistishon az bayn raft in guna hukumatniz ki dar peshoniyash muhri demokratiya v ozodizadaand azbaym khohand raft.. JORJI JOPLIN Meguyad badtarin Hukumat HUKUMATI demokratii ast bo vujudii in azhama hukumathoi tajriba shuda behtar ast

Мулло Хайдар
ХНИТ бояд пурра баста шавад. Ин хизб ба мардуми точик ягон фоида наовардааст ва намеорад. Нахзатихо худро шарманда кардед .

Салимпошшо
DIPLOMAT,
Рост мега акаи дипломат. Ярокхо худсохт буданд аз Росия ва Узбакистон

бетараф
агар холисона ба мурочиат диккат намоем, фикр мекунем, ки гуфтахояшон саривакти ва дурустанд

Мухочир
Хакикатбек,
DIPLOMAT,
Бале,
АЗ СУХАНОНИ АФСОНА МОНАНДАТОН БА ОИНА НИГОХ КАРДА ЯК ШАРМ ДОРЕД АКУ ...ЧОГАИ ХОБАТОН НАВ ГАРМ ШУД . СОЛИ 1992-97 МАГАР ЧУРЪАТИ ГУФТАНИ ЧУНИН СУХАНИ ДАГ ДАГА ОМЕЗРО ДОШТЕД ? )) ХАР СОАТУ ХАР ЗАМОН ТАГЙИР СОЗУ ДИГАР ШАВАНДА АСТ ИНШОАЛЛОХ ) МАНТИКИ САБР АСТ КИ СУБОТУ ОРОМИИ ЧОМЕА РО НИГОХ ДОШТА АСТ НА БАРХУРДИ ХУКУК ПОЙМОЛ КУНАНДАИ БАЪЗЕ МАКОМОТ .!

мухочир
вакте шархи навиштаро чоп намекунед,чи мардума ахмак мекунед

Антидипломат
DIPLOMAT
Имрӯз, акнун ҳамин ту худатро дипломат меноми???ҳа ҳа ҳа..вой бар ҳоли миллат бо ту вори дипломатҳои бесавод.Тамоми Тоҷикистон медонад,ки солҳои 92-94 ки ва бо яроқи ки ҷанг мекард.Танку тупи Россия ва самолетҳои Узбакистон тоҷикони ҳақиқиро дар водии Рашт гулулаборон мекарданд.Шумо... ба ғайр аз стили люмта люмта рақс куни динар аз ӯҳдаи коре набаромадед ва инро таърих исбот кард.

Ofarin
Ofarin behtarin qadami siyosiro zaded... yak suxan maqul shud 'ki mo sabr mekunem wa millat xohad did ki Ki watanro xarob kardaistodaastu ba nobudwu pasti merasonad'

ХНИТ ба Президенти Тоочикистон мурочиат кардааст. ахсан бар шумо. онхо мурочиат накардаанд онхо руирост тахдид кардаанд. сабрашон ба охир расидааст. тапончахои худро гирифта боз майдони шахидон ташкил мекунанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)