ВИДЕО: Консерти ройгони Иди мусиқӣ дар Душанбе
Бахшида ба Иди мусиқӣ бо иштироки гуруҳҳои овозхонии Тоҷикистон ва Фаронса дар шаҳри Душанбе консерти ройгон баргузор мешавад. Дар ин бора ташкилкунандагони консерт имрӯз, 15 июн дар нишасти хабарие иттилоъ доданд. Амалхонум Гаҷиева , масъули маркази фарҳангии “Бактрия” мегӯяд, ин барномаи ҳунарӣ рӯзи 21 июн, дар рӯзи Иди мусиқӣ дар меҳмонхонаи “Серена” доир мешавад: “Чорабинии мазкурро маркази мо дар ҳамҷоягӣ бо Сафорати Фаронса дар Душанбе баргузор мекунанд”. Иди мусиқӣ бо пешниҳоди Вазорати фарҳанги Фаронса аз соли 1982 таҷлил мешавад. Ҳадафи он болида сохтани хотири шаҳрвандон бо роҳандозии консертҳо дар фазои кушод бо иштироки ҳунармандонӣ касбӣ гуфта мешавад. Ҳар сол он зери як шиор ҷашн гирифта мешавад. Шиори имсолаи он “Зиндагӣ бо мусиқӣ” хоҳад буд. Сефора Тан, масъули чорабинии имсолаи таҷлили Иди мусиқӣ дар Тоҷикистон дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, дар консерти рӯзи 21 июни шаҳри Душанбе гуруҳи маъруфи фаронсавии “ТИУ” ва гуруҳи навтаъсиси “Амайдед”-и Тоҷикистон ҳунарнамоӣ хоҳанд кард: “Мақсади асоси мо каме ҳам бошад роҳат бахшидан ба ҳаводорони мусиқӣ мебошад”. Ӯ мегӯяд, бо мусиқии тоҷикӣ, махсусан мусиқии помирӣ ошноии хубе дорад ва ҳатто дар чанд дарси махсуси мусиқии ин минтақа иштирок кардааст. Амалхонум Гаҷиева, масъули Маркази фарҳангии “Бактрия” гуфт, маркази онҳо дар табодули фарҳангӣ миёни Тоҷикистон ва Фаронса мақоми махсус дошта, барои истеъдодҳо имкон медиҳад, дар чорабиниҳои фарҳангиаш баромад намоянд: “Маркази мо барои ҳаводорони мусиқӣ дарсҳои вижаи омӯзишӣ ҳам мегузаронад”. VIDEO
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 »Душ Сеш Чор Пан Ҷум Шан Якш 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30 31