Сафар Абдуллоҳ чорумин тоҷики узви Фарҳангистони забону адаби форсӣ

Сафар Абдуллоҳ, донишманди тоҷики муқими Қазоқистон узви пайвастаи Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ шудааст. Дар ин бора як масъули Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ ба "Озодагон" иттилоъ дода, афзуд, оқои Абдуллоҳ аз миёни даҳҳо номзад ба узвият дар ин фарҳангистон пазируфта шуд.
То имрӯз аз Тоҷикистон академикҳо - Муҳамадҷон Шакурӣ, Абдуқодир Маниёзов ва Додихудо Саймуддинов узви Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ буданд.
Сафар Абдуллоҳ аз ҷумлаи шахсиятҳои камназирест, ки дар бахшҳои гуногуни ҳаёти кишвар хидмати мондагор мекунад. Ӯ профессори Донишгоҳи забонҳои ҷаҳон ва равобити байналмилалии ба номи Абилайхони Қазоқистон, бунёдгузор ва сардабири фаслномаи “Эроннома” ба забони русӣ ва ҳамчунин мудир ва сардабири нашриёти “Китобхонаи Олҷас” буда, беҳтарин намунаҳои адабиёти ҷаҳонро дар ин нашриёт ба чоп расонидааст.
Сафар Абдуллоҳ муаллифи даҳҳо асари пурарзиши илмӣ ва адабӣ монанди “Нури сухан”, “Магические мосты”, ”Магия Слова”, “Муъҷизаи Наврӯз” , “Марсияи Хуршед” , “Рӯшаноии сухан” “Фарҳанги тахассусии русӣ форсӣ ва форсӣ русӣ” , ”Каталог персоязычных рукописей“ ва ғайра мебошад. Бо талоши ӯ дар нашриёти “Китобхонаи Олҷас” дар қатори беҳтарин осори суханварони ҷаҳон, гузидаи чанд шоиру нависандаи тоҷик монанди Муъмин Қаноат, Темур Зулфиқоров ва Баҳманёр ба чоп расидааст. Ахиран Сафар Абдуллоҳ аз сӯи Анҷумани мардуми Қазоқистон, ки раҳбарии онро Нурсултон Назарбоев бар уҳда дорад, ба хотири саҳми бузургаш дар рушди фарҳанг ва таҳкими дӯстиву рафоқат миёни мардум бо нишони тилои “Ваҳдат” қадрдонӣ шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |