“Экспедитсия”-и Раҳмонов: “Карон”-қадимист! Масов норозист!

Як гуруҳи олимон таҳти роҳбарии академик Абдуҷаббор Раҳмонов, ёрдамчии раисиҷумҳури Тоҷикистон муайян кардааст, ки шаҳри баҳсбарангези “Карон” дар ноҳияи Дарвоз воқеан ҳам қадимист. Натиҷаҳои сафари ин ҳайат, ки олимон аз Донишгоҳи шаҳри Хуҷанд, бостоншиносон ва мардумшиносони Академияи улумро дар бар мегирифтааст, имрӯз, 15-уми июн дар Академияи улум муаррифӣ шуданд.
Набиҷон Раҳимов, доктори илми таърих, ки дар ҳайати ин гуруҳ аз 12 то 14-уми июн дар мавзеи “Карон” будааст, имрӯз, 15-уми июн дар Академияи улум гуфт, “аз нуқтаи назари топографӣ “Карон” мавқеи хуби стратегиро ишғол менамояд. Бозмондаи ин шаҳр дар чорроҳаи корвонгузар воқеъ аст. Дар қисмҳои гуногуни Карон боқимондаҳои куҳандизу шаҳристон муайян шудаанд. Акнун шубҳае нест, ки Карон боқимондаи шаҳри Карон аст”.
Ин бостоншинос муътақид аст, ки боқимондаҳои қасрӣ, биноҳои истиқоматию хоҷагӣ, ёдгориҳои меъморӣ мисли бурҷи бузурги оташ, варзишгоҳ, маркази ибодату қурбонӣ, ҳар гуна масолеҳи сафолӣ, ки то имрӯз ошкор карда шудаанд, далели гуфтаҳояшанд.
Набиҷон Раҳимов, шаҳри Каронро “ҳамчун яке аз марказҳои бузурги маданияти Бохтари бостон ва Тахористони асримиёнагӣ” унвон кард.
Аммо, Раҳим Масов, ки ду моҳи қабл аз мақоми директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи улум барканор шуд, ба хулосаҳои ин гуруҳ, таҳти роҳбарии Абдуҷаббор Раҳмонов шубҳа дорад. Масов дар пайи муаррифии натиҷаҳои пажуҳиши ин гуруҳ изҳор дошт, ки “роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғро соли 1940 сохтанд. Пештар онҷо роҳи пиёдагард ҳам намешудагӣ буд. Як чизро овринг мегӯянд. Овринг як чизест, ки болои дарё аз чӯб месохтанд. Чӯбҳо пӯсида аспу хар аз онҷо ба дарё меғалтиданд. Яъне, гузаштани корвон амри маҳол буд. Корвонҳо аз Бадахшон, Ҳиндустон, Покистон бо роҳи Мурғоб мегузаштанд. Ин роҳ набуд”.
Афзун бар ин Раҳим Масов масъалаи таъминоти шаҳрро дар миён гузошт: “Ман он вақт аз Яъқубов савол кардам, ки таъминоти шаҳр аз куҷо меомад? Зимистон дар куҳистон то 20-30 дараҷа хунук мешавад. Сӯзишворӣ аз куҷо таъмин мешуд? Ҷангал ҳаст-мӣ? Ҳезум аст-мӣ?. Масъалаи дигар ин аст, ки аксарияти шаҳрҳоро дар лаби дарё, наздики дарё месохтанд. Ҳар ҷо шаҳр намесозанд. Шаҳрҳои Русияро бинед, ҳамааш дар лаби дарё ҷойгир шудаанд, то ин ки рафтуомад бошад”.
Масов аз шеваи ташкили ин “экспедитсия” низ интиқод карда, таъкид намуд, ки дар экспидитсияи кофтукобӣ бояд археолог, антрополог, архитектор ва фотограф бошанд: “Дар мо “чёрная копатия” аст. Тилло ва ёдгориҳоро мекобанд. Ҳамин монанди “чёрная копатия” буд. Баъд ҳамин объекти Яъқубовро, кӣ маблағгузорӣ кард? Ки пул дод? Институт ин корро накард. Вазорати фарҳанг ҳамин хел. Аз куҷо ҳамин маблағро ёфтанд, ки онҷо 2-3 моҳ кор карданд. Ҳамин чизҳоро муайян кардан даркор”.
Дар пайи ин баҳсҳо Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон изҳор дошт, ки маълумоти ироакардаи ин экспедитсия натиҷаи пажуҳишҳои аввалия мебошад ва дар назар аст, ки тайи 2-3 моҳи оянда баъди омӯзишҳои иловагӣ ба ин баҳсҳо бо баргузории як конфронс дар сатҳи коршиносони миллӣ хотима бахшида мешавад.
Ин дар ҳолест, ки қаблан як гуруҳи бостоншиносон бо шумули профессор Юсуфшоҳ Яъқубов аз пайдоиши шаҳри Карон дар ноҳияи Дарвоз хабар доданд, ки ба гуфтаи онҳо таърихи наздик ба чорҳазорсола дорад. Карон дар масоҳати 32 гектар, то асри 15 макони зисти шоҳони Дарвоз будааст.
Аммо Ғолиб Ғоибов, муаррихи тоҷик низ соли 2013 дар матлабе, ки рӯзномаи расмии ҳукумати Тоҷикистон - “Ҷумҳурият” чоп карда буд, гуфт, “таҳқиқот ва сарчашмаҳо бешубҳа ба он далолат мекунанд, ки шаҳре, ки дар Дарвоз бостоншиносон пайдо кардаанд, на Карон, балки шаҳри Кумед ва маркази вилояти таърихии Кумед мебошад”.
Ин ҳама баҳсҳо дар ҳолеянд, ки моҳи октябри соли 2013 Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҳангоми сафараш ба Бадахшон аз маҳалли Карон низ боздид анҷом дода буд ва гуфта мешавад, ки дар сафари қарибулвуқуяш низ аз ин шаҳр боздид кунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |