Тавсифи Раҳимзода аз хизматҳои генерал Шарифов барои оромӣ (АКС)

Генерал Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, 15 июн бо ҷалби афроди шинохта ёдбуди генерал-полковники милиса -- Ҳомиддин Шарифов, собиқ вазири ин ниҳодро, ки имрӯз аз мавлудаш 68 сол пур шуд, баргузор кардааст.
Рамазон Раҳимзода аснои суханронӣ иброз доштааст, ки ин санаи хотирмон бахусус барои онҳое, ки солҳои душвори 90-уми асри гузашта ва ибтидои солҳои 2000-ум барои таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ содиқона ва софдилона хизмат намудаанд, фаромӯшнашаванда мебошад: “Дар солҳои 1996-2006, дар замони роҳбарии Ҳомиддин Ҳасанович, ки давлату миллати тоҷик баъди баромадан аз ҷанги шаҳрвандӣ, мушкилоти вазнини даврони ташаккулёбиро аз сар мегузаронид ва дар баробари ин қонуншиканӣ ва даст задан ба ҷиноятҳои вазнин аз ҷониби гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷиноятӣ зиёд ба назар мерасид, вазифаи басо муҳиму масъулиятнок, мубориза бо ҷинояткорӣ ба зиммаи кормандони макомоти корҳои дохилӣ вогузор гардида буд. Маҳз бо талошу кӯшишҳо ва азму суботи ин марди соҳибхирад, тарзи дурусти роҳбарӣ, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ аз набардҳои сангину заҳматталаб ва мактаби шуҷоату мардонагӣ гузашта, суботу оромиро дар кишвар таъмин намуданд”.
Дафтари матбуотии ВКД мегӯяд, Рамазон Раҳимзода ёдовар шуда, ки марҳум дар тӯли солҳои фаъолияташ аз худ малакаи баланди касбӣ, лаёқати корбарӣ ва беҳтарин хислатҳои хоси инсонӣ, алалхусус одамдӯстӣ, меҳрубонӣ ва муносибату рафтори писандидаро зоҳир намуда, мактаби худро таъсис дод, ки имрӯз шогирдон ин хислати ҳамидаи ӯро дар кору хизмат нишон медиҳанд. Ба иттилои манбаъ, вазир гуфтааст, дар бораи кору фаъолияти ин марди бонангу номус ва қавиирода соатҳо метавон сухан кард: “Зеро хизматҳои шодравон Ҳомиддин Ҳасанович дар назди давлату миллат ниҳоят зиёд буда, ӯ дар сохторҳои гуногуни давлатӣ, алалхусус мақомоти корҳои дохилӣ ва мақомоти суд хизмати арзандае ба нафъи давлату миллат намудааст”.
Рамазон Раҳимзода дар идома иброз доштааст, ки ҳаёт ва зиндагиномаи Ҳомиддин Шарифов намунаи ибрат буда, ҳар як корманди мақомоти корҳои дохилӣ худашро шогирди ӯ меҳисобад. Ба қавли вазири умури дохилӣ, кору фаъолияти Ҳомиддин Шарифов ҳамчун сиёсатшинос, ҳуқуқшинос, роҳбар, вазир ва фармондеҳ пурарзиш буда, бояд дар алоҳидагӣ мавриди омӯзиш қарор гирад.
Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон дар ин чорабинӣ аз Ҳомиддин Шарифов ба ҳайси яке аз шахсиятҳои барҷастаи миллат ном бурда таъкид кардааст, ӯ бо донишу заковати худ тавонист шогирдони зиёдеро тарбия карда, дар зеҳни онҳо адлу инсоф, хирад ва инсондӯстиро парварад: “Имрӯз дастпарварони ӯ, ки ҳомиёни ҳақиқии ин марзу бум ва Ватани азизамон мебошанд, идомабахши кору пайкор ва рафтору кирдори неки ӯ мебошанд”.
Дафтари матбуотии ВКД мегӯяд, “аз ҷониби собиқадори мақомоти корҳои дохилӣ, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон полковники мустаъфӣ Сироҷиддин Қосимов якчанд китобҳо, ки ба ҳаёт ва фаъолияти Ҳомиддин Шарифов бахшида шуда ва ба қалами номбурда мутаалиқанд, ба фарзанди ӯ Аҳлиддин Шарифов тақдим карда шуд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |