Вазорат дар бораи тақдири донишомӯзони гимназияи исломӣ

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, донишомӯзоне, ки аз имкони таҳсил дар Гимназияи исломии кишвар маҳрум мешаванд, ба макотиби миёнаи шаҳри Душанбе ҷалб хоҳанд шуд.
Эҳсон Хушбахт, сухангӯи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон рӯзи 15 июн дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, агар масъулини Гимназияи исломӣ донишомӯзони худро ҷавоб диҳанд, онҳо таҳсилро дар макотиби миёнаи шаҳри Душанбе идома хоҳанд дод. Ба гуфтаи ҷаноби Хушбахт ҳанӯз масъулини Гимназияи исломӣ тасмими ниҳоиро дар бораи ҷавоб додани ҳамаи донишомӯзони худ нагирифтаанд. Сухангӯи Вазорати маориф ва илм қатъ шудани фаъолияти ягона гимназияи исломии дар Тоҷикистонро рад карда, таъкид кард, фаъолияти ин таълимгоҳи диниии кишвар ба пуррагӣ қатъ нашудааст: “Аз сабабе ки бинои феълии Гимназияи исломӣ мавриди баҳси додгоҳие шудаасту бояд ба соҳибонаш баргардонида шавад, шояд масъулини гимназия хонандагони синфи 10 ва 11-умро, ки ҳудуди 200 нафаранд, дар Донишкадаи исломи ҷой кунанду боқимонда дар муассисаҳои таълимии шаҳр ба таҳсил фаро гирифта шаванд”.
Ҷаноби Хушбахт таъкид кард, ин ихтисори донишомӯзони Гимназияи исломии кишвар муваққатӣ аст ва дар сурати пайдо шудани бинои нав ё бунёди он донишомӯзон дубора таҳсилро дар гимназия идома хоҳанд дод. Ба иттилои манбаъ дар назар аст, ки устодони бекормондаи гимназия низ дар муассисаҳои таълимии дигари кишвар ба кор ҷалб шаванд.
Ягона Гимназияи исломии Тоҷикистон, ки дар бинои собиқ Донишгоҳи муштараки Тоҷикистону Амрико, маъруф бо номи "Садр" ҷойгир буд, соли 2009 бо ташаббуси ҳукумати кишвар дар назди Донишкадаи исломӣ таъсис ёфта, дар он 1548 донишомӯз таҳсил мекарданд. Дар ин гимназия дар баробари омӯзиши барномаҳои таълимии макотиби миёнаи Тоҷикистон, инчунин аз фанҳои улуми динӣ, бо барномаи муқаддамотии омӯзиши Қуръон, аҳодиси набавӣ, таърихи Ислом, маорифи исломӣ ва забони арабӣ низ дарс гуфта мешуд.
Моҳи январи соли равон наздик ба 400 донишомӯзи ин гимназия ихтисор шуда, масъулин далели ин иқдоми худро “кам будани ҷои нишаст дар ин мактаб” арзёбӣ карданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |