Гум шудани бонкдори 61-сола дар Бадахшон
Гулборшо Ватаншоев, раиси бахши “Тоҷиксодиротбонк” дар деҳаи Зонги ноҳияи Ишкошим, рӯзи 12-уми июн бедарак шудааст.
Дар ин бора ба “Озодагон” Дороб Қаландаров, раиси намояндагии “Тоҷиксодиротбонк” дар ноҳияи Ишкошим хабар дода, аз қавли нозири минтақавӣ афзуд, ки шиму костюмашро аз соҳили дарёи Панҷ аз наздикии хонааш дарёфт кардаанд. Қаландаров дар мавриди овозаҳо, ки гӯиё Ватаншоев дар пайи қарздорӣ худро ба дарё андохтааст, гуфт, мо ҳамаи фаъолияту хазинадории бонкро таҳқиқ карда, муайян намудем, ки ӯ қарздор нест: “Дар ҷое, ки ӯ кор мекард, ягон камбудиеро наёфтем. Ӯ пири кори мо ва роҳнамои ҷавонон буд. Аз 40 соли собиқаи корияш 27-солаш дар низоми бонкдорӣ гузаштааст”.
Манбаъ афзуд, феълан кофтукоби Гулборшо Ватаншоев идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |